Азим Иброҳим: “Адои маросими ҳаҷро ба мусобиқа табдил доданианд”

АМИТ “Ховар”

Дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои Комиссия оид ба ҷамъбасти мавсими ҳаҷи соли 2018 ва омодагӣ барои баргузории мавсими соли 2019 ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, муовини сарвазир ҳангоми таҳлил ва ҷамъбаст зикр намуд, ки дар мавсими «Ҳаҷ-2018» дар қатори муваффақиятҳо камбудиҳои назаррас,  ба монанди сари вақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, бо вуҷуди донистани забони арабӣ аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархўрдор набудани баъзе роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ мушоҳида гардид.

Азим Иброҳим изҳори умедворӣ намуд, ки    масъулон дар мавсими ҳаҷи соли 2019 камбудиву норасоиҳоро ислоҳ намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб фароҳам меоранд. Инчунин таъкид намуд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ҳаҷи фарзӣ имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи онҳо ба инобат гирифта шавад.

«Миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мепазиранд, — гуфт муовини сарвазири мамлакат. — Аммо аз таҳлилҳо бармеояд, ки иддае аз шаҳрвандон солҳои охир рафтани ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро ба мусобиқа табдил дода, худнамоӣ мекунанд». 

Муовини сарвазир  зикр намуд, ки сарчашмаҳои диниву адабӣ ва ахлоқии халқҳои мутамаддину пешрафта хайру саховат ва эҳтирому қадршиносии якдигарро таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят кардаанд.

Тавре дар ҷаласа таъкид гардид,  тибқи маълумоти сарчашмаҳо пайғамбари дини мубини ислом ҳамагӣ як маротиба ҳаҷи фарзиро ба ҷо овардаанд. Аз ин нуқтаи назар маблағи ҳаҷҷи такрориро барои бунёди роҳу кўчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, сохтмони пул, гузаронидани қубури об, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона ва ғайра сарф кардан ва ё ҳамчун садақаи ҷория барои дастгирии ятимон равона сохтан савоби бештар дорад.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  уҳдадор гардиданд, ки ташкил ва гузаронидани раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон гузоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.