Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшударо қабул кард

Маҷмаи Умумии СММ  зимни иҷлоси 73-юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони "Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал" Об барои рушди устувор " 2018-2028" -ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии -190 кишвари аъзои  СММ пешниҳод шуда  буд, якдилона қабул намуд. Дар қатъномаи мазкур аҳамияти махсуси захираҳои об барои рушди устувор ва бартараф намудани сатҳи […]

Иттилоияи расмӣ

Маҷмаи Умумии СММ  зимни иҷлоси 73-юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони "Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал" Об барои рушди устувор " 2018-2028" -ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии -190 кишвари аъзои  СММ пешниҳод шуда  буд, якдилона қабул намуд.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти махсуси захираҳои об барои рушди устувор ва бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ ва гуруснагӣ, таъкид гардидааст. Инчунин, дар қатънома бо изҳори нигаронӣ қайд шудааст, ки яке аз омилҳои асосии норасоии оби нӯшокӣ дар тамоми ҷаҳон тағйирёбии иқлим буда, зарураи таҳияи стратегияи мувофиқакунӣ (адаптатсия) ба раванди  тағйирёбии иқлим барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои  об, пеш омадааст.

Дар қисми амалии қатънома зикр шудааст, ки  аз 22 то 24 марти соли 2023 дар ш.Ню-Йорк Конфронси СММ оид ба шарҳи  миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028,  баргузор мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки зимни он конфронс дар баробари мушкилоти вобаста ба захираҳои об, аҳамияти махсус ба масъалаҳои рушди устувор ва идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, татбиқ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои марбута, таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаӣ  сатҳҳо барои  мусоидат ба татбиқи ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои обӣ, дода мешавад.

Ҳамчунин, аз Раиси Маҷмаи Умумии СММ даъват ба амал оварда шудааст, ки бо мақсади амалигардонии ҳадафҳо ва вазифаҳо  дар соҳаи захираҳои об ва ҷиҳати дастгирӣ намудани Даҳсола моҳи марти соли 2021  ҷаласаи сатҳи баландро баргузор намояд.

Илова бар ин, дар Қатънома омадааст, ки барои дастгирии шарҳи татбиқи Даҳсола, машваратҳои минтақавию ҷаҳонӣ баргузор шуда,  ба Дабири кулли СММ ваколати ҳамоҳангии ин раванд  бо ҷалби ниҳодҳои тахассусии СММ, вогузор карда шавад.  

Қатъномаи мазкур аз давлатҳо, созмонҳои байниҳукуматию ғайридавлатӣ, ниҳодҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, дигар тарафҳои ҳавасманд  ва маблағгузорон даъват ба амал овардаст, ки ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии,амал " Об барои рушди устувор " 2018-2028" мусоидат намоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки  Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал метавонад заминаи муҳим ва саривақтро ҷиҳати баррасӣ ва мубодилаи афкор дар соҳаҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба захираҳои об фароҳам оварда, давомдиҳандаи шоистаи нахустконфронси СММ оид ба масъалаҳои об, ки дар соли 1977 дар ш.Мар Де Плате (Аргентина) танзим шуда буд, гардад. Конфронсҳои сатҳи баланд, ки ҳар ду сол аз ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал баргузор мегарданд, ҷиҳати пешбурди рӯзномаии ҷаҳонии обӣ ва расидан ба рушди пойдори ҳамаҷониба саҳми муҳим хоҳанд дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.