Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба “шенгени осиёӣ”-ро меомӯзад

Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи пайвастани кишвар ба “шенгени осиёӣ”-ро меомӯзад, ки моҳи июн аз ҷониби раиси Кумитаи умури муносибатҳои байнулмилалӣ, мудофиа ва амнияти Қазоқистон Дариға Назарбоева пешниҳод шуда буд. Он замон ӯ ба Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки барои ҷалби муштараки сайёҳон шакли осиёии раводиди Шенген (дар Аврупо) – Silk visa роҳандозӣ шавад. Роҳандозии “раводиди абрешимӣ” байни […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи пайвастани кишвар ба “шенгени осиёӣ”-ро меомӯзад, ки моҳи июн аз ҷониби раиси Кумитаи умури муносибатҳои байнулмилалӣ, мудофиа ва амнияти Қазоқистон Дариға Назарбоева пешниҳод шуда буд.

Он замон ӯ ба Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки барои ҷалби муштараки сайёҳон шакли осиёии раводиди Шенген (дар Аврупо) – Silk visa роҳандозӣ шавад.

Роҳандозии “раводиди абрешимӣ” байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – “Silk road visa” ба афзоиши шумори сайёҳони хориҷӣ ба минтақа мусоидат менамояд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, лоиҳаи Silk visa ба сифати озмоиш моҳи феврали соли 2019 байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳандозӣ мешавад.

“Мо натиҷаҳои аввали лоиҳаро омӯхта, ба гумони ғолиб нимаи соли оянда ба қарори ниҳоӣ мерасем”, – изҳор намуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев қайд кард, ки раводиди Silk visa байни Ӯзбекистону Қазоқистон метавонад моҳи феврали соли 2019 ҷорӣ шавад.

“Лоиҳаи Silk visa дар тамоми вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар мувофиқа шуда, “танҳо ҳалли масъалаҳои ҷузъиёти техникӣ ва мувофиқасозии таҷҳизот боқӣ мондааст”, – овардааст гуфтаҳои ӯро gazeta.uz.

Улуғбек Қосимхоҷаев изҳор доштааст, ки ба ин раводиди муштарак Қирғизистону Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, Туркманистон бошад, алҳол дурнамои онро баррасӣ дорад.

Тибқи мақсади пешбинишуда, дорандаи “раводиди абрешимӣ” ба як давлати минтақаи Осиёи Марказӣ ворид шуда, сипас озодона метавонад ба қаламрави дигар кишварҳои минтақа низ равуо дошта бошад.

Ба қавли намояндаи Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки ба ин лоиҳа Озарбойҷону Туркия низ шомил карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи ноябр Ӯзбекистону Қазоқистон дар бораи эътирофи мутақобилаи реҷаҳои раводид созишнома ба имзо расониданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.