Тоҷикистон дар сафи нуҳгонаи кишварҳои сарбории андози зиёдтарин

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3%-ро ташкил медиҳад, ки вазни қиёсии андоз ва ҳақмузд дар фоидаи корхнаҳо мебошад. Ин беш аз ду маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи сатҳи миёна дар кишварҳои Осиёи Маркази ва Аврупои Шарқӣ (32,8%) мебошад, гуфта мешавад дар рейтинги Paying Taxes-2019.

Барои муқоиса бо ҳамсоякишварҳо: сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон – 29,4%, Ӯзбекистон – 32,1% ва Русия – 46,3% баробар аст.

Муаллифони гузориш сарбории андози зиёдтар аз Тоҷикистонро боз танҳо дар 8 кишвари ҷаҳон қайд кардаанд: Ҷазираҳои Комор – 219,6%, Аргентина – 106%, Эритрея – 83,7%,  Боливия – 83,7%, Гвинеяи Экваториалӣ – 79,4%, Ҷумҳурии Марказии Африқоӣ – 73,3%, Колумбия – 71,9% ва Афғонистон – 71,4%.

Маблағи аз ҳама камтарин аз андозро ширкатҳои Бруней (8%) Вануату (8,5%), Гурҷистон (9,9%), Қатар (11,3%), Кувайт ва Македония (15%-ӣ) пардохт мекунанд.

Дар рейтинг зикр мегардад, ки корхонаҳои Тоҷикистон барои омода намудани ҳисобот дар бораи пардохти андоз ҳамасола ба ҳисоби миёна 224 соат вақт (беш аз 9 шабонарӯз) сарф мекунанд. Пардохтҳои андозии муҳим дар кишвар 6-тоанд.

Муддати аллакай 14 сол аст, ки таҳқиқоти Paying Taxes-ро ширкати аудитории PricewaterhouseCoopers дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ мегузаронад.

Коршиносон қонунгузорӣ дар бораи андоз ва таҷрибаи амали онро дар 190 кишвари саросари дунё ба риштаи таҳлил мекашанд. Нишондиҳандаҳо барои муқоиса инҳоанд: меъёри умумии андоз, вақти зарурӣ барои риояи талабот, шумори пардохтҳо.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.