Тоҷикистон дар сафи нуҳгонаи кишварҳои сарбории андози зиёдтарин

Меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3%-ро ташкил медиҳад, ки вазни қиёсии андоз ва ҳақмузд дар фоидаи корхнаҳо мебошад. Ин беш аз ду маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи сатҳи миёна дар кишварҳои Осиёи Маркази ва Аврупои Шарқӣ (32,8%) мебошад, гуфта мешавад дар рейтинги Paying Taxes-2019. Барои муқоиса бо ҳамсоякишварҳо: сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3%-ро ташкил медиҳад, ки вазни қиёсии андоз ва ҳақмузд дар фоидаи корхнаҳо мебошад. Ин беш аз ду маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи сатҳи миёна дар кишварҳои Осиёи Маркази ва Аврупои Шарқӣ (32,8%) мебошад, гуфта мешавад дар рейтинги Paying Taxes-2019.

Барои муқоиса бо ҳамсоякишварҳо: сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон – 29,4%, Ӯзбекистон – 32,1% ва Русия – 46,3% баробар аст.

Муаллифони гузориш сарбории андози зиёдтар аз Тоҷикистонро боз танҳо дар 8 кишвари ҷаҳон қайд кардаанд: Ҷазираҳои Комор – 219,6%, Аргентина – 106%, Эритрея – 83,7%,  Боливия – 83,7%, Гвинеяи Экваториалӣ – 79,4%, Ҷумҳурии Марказии Африқоӣ – 73,3%, Колумбия – 71,9% ва Афғонистон – 71,4%.

Маблағи аз ҳама камтарин аз андозро ширкатҳои Бруней (8%) Вануату (8,5%), Гурҷистон (9,9%), Қатар (11,3%), Кувайт ва Македония (15%-ӣ) пардохт мекунанд.

Дар рейтинг зикр мегардад, ки корхонаҳои Тоҷикистон барои омода намудани ҳисобот дар бораи пардохти андоз ҳамасола ба ҳисоби миёна 224 соат вақт (беш аз 9 шабонарӯз) сарф мекунанд. Пардохтҳои андозии муҳим дар кишвар 6-тоанд.

Муддати аллакай 14 сол аст, ки таҳқиқоти Paying Taxes-ро ширкати аудитории PricewaterhouseCoopers дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ мегузаронад.

Коршиносон қонунгузорӣ дар бораи андоз ва таҷрибаи амали онро дар 190 кишвари саросари дунё ба риштаи таҳлил мекашанд. Нишондиҳандаҳо барои муқоиса инҳоанд: меъёри умумии андоз, вақти зарурӣ барои риояи талабот, шумори пардохтҳо.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.