Оғози бунёди нахустин гармхонаҳои гидропоникӣ дар Суғд

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии гармхонаи замонавӣ, ки дар вилоят бори аввал бо усули гидропоникӣ бунёд мешавад, оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, гармхонаи замонавӣ дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории ширкати “Барс” сохта шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба анҷом мерасонанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми парвариши сабзавот дар гармхонаҳо дар навбати аввал худи мутахассисони Кореяи ҷанубӣ иштирок ва роҳу усулҳои парвариши маҳсулоти истеҳсолшавандаро ба мутахассисони вилоят меомӯзонанд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳаи гармхонаи интенсивӣ барои боз ҳам васеъ намудани майдони он, ташкили сардхона дар заминҳои ғайриобӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ масъулинро вазифадор намуд.

Ёдрас мешавад, ки мутахассисони вилояти Суғд бо таҷрибаи гармхонае, ки бо усули гидропоникӣ ва аз тарафи мутахассисони кореягӣ дар Ӯзбекистон бунёд гардидааст, шинос гардида буданд. Пас аз он мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба вилоят даъват гардиданд ва охири соли 2018 миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс”-и Тоҷикистон ва "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ дар самти бунёди гармхонаи муосир бо усули гидропоникӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд.

Зикр мегардад, ки иқдоми мазкур бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг амалӣ карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.