Оғози бунёди нахустин гармхонаҳои гидропоникӣ дар Суғд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии гармхонаи замонавӣ, ки дар вилоят бори аввал бо усули гидропоникӣ бунёд мешавад, оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, гармхонаи замонавӣ дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории ширкати “Барс” сохта шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба анҷом мерасонанд. Гуфта мешавад, ҳангоми парвариши […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии гармхонаи замонавӣ, ки дар вилоят бори аввал бо усули гидропоникӣ бунёд мешавад, оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, гармхонаи замонавӣ дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории ширкати “Барс” сохта шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба анҷом мерасонанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми парвариши сабзавот дар гармхонаҳо дар навбати аввал худи мутахассисони Кореяи ҷанубӣ иштирок ва роҳу усулҳои парвариши маҳсулоти истеҳсолшавандаро ба мутахассисони вилоят меомӯзонанд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳаи гармхонаи интенсивӣ барои боз ҳам васеъ намудани майдони он, ташкили сардхона дар заминҳои ғайриобӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ масъулинро вазифадор намуд.

Ёдрас мешавад, ки мутахассисони вилояти Суғд бо таҷрибаи гармхонае, ки бо усули гидропоникӣ ва аз тарафи мутахассисони кореягӣ дар Ӯзбекистон бунёд гардидааст, шинос гардида буданд. Пас аз он мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба вилоят даъват гардиданд ва охири соли 2018 миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс”-и Тоҷикистон ва "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ дар самти бунёди гармхонаи муосир бо усули гидропоникӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд.

Зикр мегардад, ки иқдоми мазкур бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг амалӣ карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.