Қарздори асосӣ аз нерӯи барқ аҳолӣ дониста мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми соли гузашта ҳаҷми умумии маблағи пардохтнашуда барои истифодаи нерӯи барқ 363,6 млн. сомонӣ афзуд. Дар ин бора охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик” дар соли 2018 бо иштироки муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим маълумот дода шуд.

Қайд шуд, ки қарздорони асосӣ назди ширкати “Барқи тоҷик” айни замон Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин – 66,2 млн., хоҷагиҳои фермерӣ – 25,6 млн., корхонаҳои обу корез – 10,1 млн. ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ – 7,3 млн. сомонӣ мебошанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” аҳолиро қарздори аз ҳама бештар номид, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ аз ширкат 80,4 млн. сомонӣ қарздорӣ доштааст.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ нисбат ба соли пешин дар ҳаҷми 314,5 млн. сомонӣ зиёдтар шудааст.

“Бо вуҷуди нисбат ба соли пешин ба андозаи 0,6% кам шудани сатҳи талафот, қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби истеъмолгарон то ҳол дар сатҳи зарурӣ риоя намешаванд”, – таъкид шудааст дар ҷаласа.

Барои пешгирии минбаъд афзудани қарзҳо Азим Иброҳим ба ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки вазъи техникии низоми энергетикӣ беҳтар гардонида шуда, давра ба давра гузариш ба низоми нави баҳисобгирии истифодаи нерӯи барқ таъмин ва низоми биллингии баҳисобгирии истифодаи нерӯи барқ роҳандозӣ шавад.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки сатҳи касбии кормандони ин бахш баланд бардошта шуда, ҳарҷӣ бештар дахолати шахс ба кори таҷҳизоти баҳисобгирии истифодаи нерӯи барқ камтар гардад.

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 16,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 860,4 млн. кВт/соат бештар мебошад.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки соли гузашта дар баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иқтидорҳои нави энергетикӣ, корҳои ивази чархаи гирдроагрегати №9-и нерӯгоҳи Норак низ ба иҷро расиданд, ки ба афзудани иқтидори ин чарха аз 160 Мвт то ба нишондишандаи лоиҳавӣ – 335 МВт имкон дод.

Ҳамчунин дар натиҷаи аз таъмири асосӣ баровардани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе иқтидори он бо истифода аз гази табиӣ аз 20 Мвт ва 50 Гкал/соат то ба 120 Мвт нерӯи барқ ва 180 Гкал/соат гармӣ расонида шуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...