Боздиди беш аз 1,2 млн. нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли гузашта

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли гузашта 1 млн 250 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, бо назардошти боздиди 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли 2017, соли 2018 шумори боздиди сайёҳони хориҷӣ 2,6 баробар афзуда, ҳамарӯза беш аз 3 ҳазору 400 нафар меҳмонон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Кумита саҳеҳ зикр намешавад, ки ин шумори сайёҳон ё ҳамаи хориҷиён аст, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Соли гузашта Кумита иттилоъ дода буд, ки нимаи аввали соли 2018 беш аз 900 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Раиси Кумитаи Нуъмон Абдуғаффорзода он замон изҳор дошта буд, ки то ба миллион нафар расонидани шумори сайёҳон ба Тоҷикистон то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми худ ба парлумон қайд кард.

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест”, – изҳор намуд дар паёми худ Сарвари давлат.

Тибқи ҳисоботи солонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 145 адад агентиҳои туристӣ амал мекунанд, ки 75-тои онҳо соли 2018 таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин дар саросари кишвар 297 меҳмонхона фаъолият дошта, сохтмони боз 41 меҳмонхона ҷараён дорад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...