Иҷозаи истеъмоли доруҳои шаҳватзо ба мусулмонони тоҷик

Шӯрои уламо – ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон – ба истифодаи ҳаб ё доруҳои шаҳватбарангез иҷозат дод. Дар ҷомеаи Тоҷикистон суҳбат аз мушкили ҷинсӣ як навъ табу дониста мешавад ва мардони тоҷик аз гуфтугӯ дар мавзӯи заъфи камар (импотенция) шарм мекунанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдувоҳид Ҳомидов, мутахассиси раёсати фатвои Шӯрои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шӯрои уламо – ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон – ба истифодаи ҳаб ё доруҳои шаҳватбарангез иҷозат дод. Дар ҷомеаи Тоҷикистон суҳбат аз мушкили ҷинсӣ як навъ табу дониста мешавад ва мардони тоҷик аз гуфтугӯ дар мавзӯи заъфи камар (импотенция) шарм мекунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдувоҳид Ҳомидов, мутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламо, рӯзи 15-уми январ гуфтааст, то кунун мардону ҷавонони зиёде дар бораи аз нигоҳи шаръӣ дуруст ё нодуруст будани истифодаи ҳабҳои шаҳватбарангез ё тақвиятдиҳандаи нерӯи мардӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ҳомидов гуфт, марказ бо таҳлили мавзӯъ ва баррасии ҳама адабиёти диниву мазҳабӣ ба хулосае расид, ки истифодаи ин гуна доруҳо аз назари шариат, дар сурати пеш омадани зарурат, ҷоиз аст.

"Вақте мард хостҳои шаҳвонии занро қонеъ карда наметавонад, истифодаи чунин доруҳо барои мард ҷоиз аст. Яъне, иҷозат танҳо барои зарурат аст, на барои ҳавову ҳавас", – афзудааст ӯ.

Ин масъули идораи фатво гуфтааст, донишмандон бар асоси як қоидаи маъмул дар шариат истифодаи доруҳои шаҳватбарангезро иҷозат доданд. Ҳомидов гуфт: "Дар шариат ва мазҳаб як қоида аст: қоидаи усул. “Аз-зарурот тубийҳул-маҳзурот” қоидаи куллӣ мебошад. Ё ба ибораи дигар "зарурат дар куҷое, ки воқеъ шавад, мамнӯотро мубоҳ мегардонад”. Яъне, чизе, ки мамнӯъ аст, онро машрӯъ мегардонад”.

Гуфта мешавад, масъалаи заъфи камари мардон ва истифода аз доруҳои шаҳватбарангез чанд сол боз дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳс мешавад. Табибон мегӯянд, баъзе ҷавонмардони тоҷик дар муҳоҷират дар шароити ногувор, аз ҷумла сардиву намии зиёд ба сар мебаранд ва дар натиҷа гирифтори илтиҳоби ҷинсӣ мешаванд, ки он тадриҷан ба заъфи камар мепечад.

Эътирофи ошкорои заъфи камар ва ё сустии нерӯи мардӣ ба андешаи бисёре аз мардон ба эътибори инсониву мардии онҳо зарба мезанад. Аз ин рӯ аксарият аз ифшои мушкили маҳрамонаи худ ҳиҷолат мекашанд, вале маҳз ҳамин ҳолат, ба қавли табибон, мушкили онҳоро дучанд мекунад.

Бахтиёр Баёнов, пизишки тоҷик, изҳор доштааст, ки бисёре аз мардон дар Тоҷикистон бинобар урфу одатҳо ва менталитет бо пайдо шудани мушкилии ҷинсӣ ба духтур муроҷиат намекунанд ё замоне муроҷиат мекунанд, ки бемориашон куҳна шудааст. Ӯ гуфтааст, “баъд меоянду мегӯянд, ки духтур як дору диҳед, то шарманда нашавем. Ба онҳо мефаҳмонӣ, ки барои баратраф кардани ин касалӣ як давраи табобатро бояд гузашт, ҳам бо доруву сузандору, маҳс ва гармӣ. Лекин аксарият тоқат надоранд ва дилашон мехоҳад, ки як доруро истеъмол кунанд ва шаб худро паҳлавон эҳсос намоянд. Дар бораи оянда фикр намекунанд”.

Баёнов гуфтааст, ин аст, ки аксарият бо эҳсоси заъфи камар роҳҳали зуд ва осонеро ҷуста ва аз дорухонаҳо маводи тақвиятдиҳандаи нерӯи мардиро харидорӣ мекунанд.

Зикр мегардад, ки дар дорухонаҳои Тоҷикистон даҳҳо навъи чунин доруҳо, ба мисли “Тонгат”, “Титан гел”, “Лошадиная сила” ва “Виагра”, фурӯхта мешаванд, ки аксарият истеҳсоли Ҳиндустон ва ё Русия ҳастанд.

Аммо ин духтури тоҷик огоҳ кардааст, ки истифодаи бебаркаши чунин доруҳо бидуни тавсияи пизишк барои саломатии мард зиён дорад, “чунки истифодаи аз меъёр зиёди ин доруҳо фишори хунро метавонанд аз ҳад баланд кунад”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.