Боздиди беш аз 1,2 млн. нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли гузашта

Соли гузашта 1 млн 250 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд. Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, бо назардошти боздиди 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли 2017, соли 2018 шумори боздиди сайёҳони хориҷӣ 2,6 баробар афзуда, ҳамарӯза беш аз 3 ҳазору 400 нафар меҳмонон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон […]

Соли гузашта 1 млн 250 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, бо назардошти боздиди 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли 2017, соли 2018 шумори боздиди сайёҳони хориҷӣ 2,6 баробар афзуда, ҳамарӯза беш аз 3 ҳазору 400 нафар меҳмонон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Кумита саҳеҳ зикр намешавад, ки ин шумори сайёҳон ё ҳамаи хориҷиён аст, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Соли гузашта Кумита иттилоъ дода буд, ки нимаи аввали соли 2018 беш аз 900 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Раиси Кумитаи Нуъмон Абдуғаффорзода он замон изҳор дошта буд, ки то ба миллион нафар расонидани шумори сайёҳон ба Тоҷикистон то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми худ ба парлумон қайд кард.

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест”, – изҳор намуд дар паёми худ Сарвари давлат.

Тибқи ҳисоботи солонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 145 адад агентиҳои туристӣ амал мекунанд, ки 75-тои онҳо соли 2018 таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин дар саросари кишвар 297 меҳмонхона фаъолият дошта, сохтмони боз 41 меҳмонхона ҷараён дорад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.