10 соли фаъолияти беташвиш. Имтиёзҳо аз пардохти андоз ба фабрикаи “Амирӣ”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо корхонаи “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар бораи таҷдиду тавсеъаи иқтидорҳои амалкунанда, ҳамчунин сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нав созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонид.

Мувофиқи санади баимзорасида, корхонаҳои нав маснӯоти қаннодӣ, оҳар (нишоста, крахмал), шираи оҳар ва маҳсулот ордӣ истеҳсол хоҳанд кард.

Бар асоси созишномаи имзошуда, корхонаи амалкунандаи истеҳсоли маснӯоти қаннодӣ ва корхонаҳои наве, ки сохта мешаванд, ба муддати 10 сол аз пардохти андозу боҷҳои зерин озод карда мешаванд: андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизот, молу маҳсулот ва ашёи хом барои коркард.

Таҷдид ва тақвияти иқтидорҳои амалкунандаи корхонаи “Амирӣ” ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои нав дар назди он муддати 8 сол амалӣ мешаванд.

Барои анҷоми ин корҳо ҷудо гардидани 23 млн. доллар, аз ҷумла 6,5 млн. доллар барои сохтмони корхонаҳо ва 16,5 млн. доллар барои бо таҷҳизоти техникӣ таъмин кардани онҳо пешбинӣ шудааст.

“Дар сурати зиёд ё камшавии хароҷот, сармоягузор ба тағйири ҳаҷми сармоягузорӣ ва нишондодҳои иқтисодии лоиҳаи сармоягузорӣ ҳуқуқ дорад”, – қайд мешавад дар санад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нав, ширкат ҳамасола на камтар аз 27 ҳазор тонна маснӯоти қаннодӣ, 8 ҳазор тонна оҳар ва шираи оҳар, 1 ҳазор тонна маҳсулоти ордӣ истеҳсол мекунад.

Корхонаи “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, қитъаи Қӯштеппа воқеъ аст. Маросими расмии ифтитоҳи он 5 сентябри соли 2011 доир гардид.

Соли 2016 зимни суҳбат бо хабарнигори нашрияи “Садои мардум” директори корхона Акмал Ҳомидов дар бораи фаъолияти он чунин изҳори назар кардааст:

“Мо корро аз истеҳсоли ду гурӯҳи маҳсулот бо ҳашт-даҳ навъи шоколаду конфет оғоз кардем.  Баъдтар бо насби таҷҳизоту технологияи нав истеҳсоли карамелро низ роҳандозӣ намудем. Имрӯз дар корхона 21 намуди карамел тавлид мешавад.Чуноне зикр кардам, ибтидо дар корхона ду гурӯҳи маҳсулот истеҳсол мешуд. Ҳоло ба он се гурӯҳи дигар зам шудааст. Яъне, мутахассисони корхона истеҳсоли навъҳои гуногуни зефир, қандҳои мевагӣ ва  дражеро низ ба роҳ мондаанд. Имрӯзҳо омодагӣ дорем, ки дар  коргоҳамон ба истеҳсоли шоколадҳои тахтагин (плиткагӣ) шурӯъ намоем. Яъне, дар муддати чор соли фаъолият истеҳсоли маҳсулотро  мо аз ҳашт-даҳ ба 88 намуд расонидем, ки аз маҳорати баланду касбияти мутахассисон шаҳодат медиҳад. Дар ҶДММ «Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» имрӯз 86 нафар  мутахассисон фаъолият мекунанд. Аз аввалин рӯзҳо мо ба мутахассисони маҳаллӣ такя мекунем. Барои вусъати кор бошад, ду  нафар мутахассисони соҳа аз Ҷумҳурии Украина даъват шудаанд”.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...