Анҷоми расмиёти аломатгузорӣ байни сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гурӯҳи кории ҳукумати Ӯзбекистон иборат аз намояндагони сохторҳои дахлдори кишвари ҳамсоя дар Душанбе қарор дошта, дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон ният доранд, ки то 27 январ масъалаи таъйину аломатгузориро дар сарҳади ҳарду давлат пурра ба итмом расонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки корҳои таъйин ва аломатгузорӣ байни сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон соли гузашта пурра ба анҷом расида буданд.

“Яъне он вақт кишварҳо дар бораи нуқтаҳои гузариши хати сарҳад хаттӣ ба мувофиқа расида, акнун дар харитаҳо хати дақиқи нуқтаҳои гузариши марзи давлатҳо ишора мешаванд”, – қайд кард манбаъ.

Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расида, 19 апрели соли гузашта парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо тасдиқ намуд.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Дар давраи аз 24 феврал то 1 марти соли сипаришуда дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуд.

Он вақт ҷонибҳо бо мақсади ба иҷро расонидани Протоколи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукумматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳад, ки 24 феврали соли 2018 дар Фарғона ба имзо расид, ба лоиҳаи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад замима таҳия намуданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.