Нашри китоби Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаҳони муосир ва сиёсати хориҷӣ

Китоби нав – маҷмӯаи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа таҳти унвони «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» (Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо забони русӣ дар матбааи “Контраст” ба нашр расид. Маҷмӯаи суханрониҳои Президент бо ибтикори ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Народная газета” […]

Китоби нав – маҷмӯаи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа таҳти унвони «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» (Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо забони русӣ дар матбааи “Контраст” ба нашр расид.

Маҷмӯаи суханрониҳои Президент бо ибтикори ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Народная газета” – нашрияи ҳукумати Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Таҳиягарони китоб – муаллифи муқаддимаи он доктори илмҳои таърих, сармушовири дастгоҳи ёварони президенти Тоҷикистон оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, сардабири рӯзномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова мебошанд.

“Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири Тоҷикистон аст. Дар китоби нашршуда бори нахуст матнҳои марбут ба сиёсати хориҷии кишвар дар паёмҳои ҳамасолаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони Тоҷикистон давоми солҳои 2000 – 2018 гирдоварӣ шудааст”, – қайд мекунанд муаллифони маҷмӯа.

Қобили зикр аст, ки шакли электронии маҷмӯа дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас буда, нашри чопии онро дар китобхонаҳо ва мағозаҳои китоби шаҳри Душанбе метавон дарёфт намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.