Наздики 14 ҳазор нафар калонсолон дар Тоҷикистон бесаводанд

Беш аз 99,7% аз шумори умумии аҳолии калонсоли Тоҷикистон бо кадом як забоне хондаву навишта метавонанд. Дар ин бора портали лоиҳаи Countrymeters (ҷараёни тағйири шумори аҳолӣ дар ҷаҳон) бо истинод ба маълумоти омории СММ хабар медиҳад. Ҳудуди 6 илн. 43 ҳазору 338 нафар аз шумори аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ саводнок шуморида мешавад. Таҳти мафҳуми аҳолии калонсол […]

Беш аз 99,7% аз шумори умумии аҳолии калонсоли Тоҷикистон бо кадом як забоне хондаву навишта метавонанд. Дар ин бора портали лоиҳаи Countrymeters (ҷараёни тағйири шумори аҳолӣ дар ҷаҳон) бо истинод ба маълумоти омории СММ хабар медиҳад.

Ҳудуди 6 илн. 43 ҳазору 338 нафар аз шумори аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ саводнок шуморида мешавад. Таҳти мафҳуми аҳолии калонсол ҳамаи сокинони аз синни 15-сола болои кишвар дар назар дошта шудааст.

Шумори умумии одамони чунин синнусол дар кишвар ба охири соли гузашта 6 млн. 57 ҳазору 81 нафарро ташкил медиҳад. Мутаносибан 13 ҳазопру 743 нафар аз ин шумор то ҳол бесавод боқӣ мондаанд.

Нисбат ба сатҳи умумии ҳамаи аҳолӣ, сатҳи саводнокӣ байни ҷавонон нисбатан баландтар (99.88%) арзёбӣ мешавад. Мафҳуми ҷавонон дар ин ҳолат аҳолии синни аз 15 то 24-соларо дар бар мегирад.

Мувофиқи маълумоти лоиҳа, ба ҳолати охири соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон 9 млн. 166 ҳазору 841 нафарро ташкил додааст. Соли 2018 аҳолии Тоҷикистон тақрибан 201 ҳазор нафар афзуда, сатҳи афзоиши солона 2.24% арзёбӣ мешавад.

Пешгӯӣ мешавад, ки то охири соли равон шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба 9 млн. 475 ҳазору 256 нафар расида метавонад.

Нишондиҳандаҳои асосии демографии Тоҷикистон дар соли 2018:

Таваллудшудагон: 278 ҳазору 299 нафар

Фавтидагон: 51 ҳазору 105 нафар

Афзоиши табиии аҳолӣ: 227 ҳазору 194 нафар

Мардон: 4 млн. 505 ҳаз. 886 нафар (ба санаи 31 декабри соли 2018)

Занон: 4 млн. 660 ҳаз. 955 нафар (ба санаи 31 декабри соли 2018).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.