Дастгирии ФАО аз нашри Китоби Сурхи Тоҷикистон оид ба набототу ҳайвонот

Иттилоияи расмӣ

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) кӯмаки молиявиро дар нашри дуюми Китоби Сурхи наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон роҳандозӣ намуд. Нашри мазкур 267 намуди растанищо ва 222 намуди ҳайвоноти Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ин ташаббуси назаррас бо дархости Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. 2000 комплект китоб нашр шуда, байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар созмонҳои калидии шарикӣ дастрас гардонда шуд.

Гуногунии биологӣ қисми муҳими мавҷудияти инсоният ба шумор рафта, экосистемаҳои солимро, ки фактори умда барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, дастгирӣ мекунад. То чӣ андоза гуногунии биологӣ васеъ ва муҳити зист муҳофизат шуда бошад, то ҳамон дараҷа экосистемаҳо метавонанд ба тағирёбии иқлим самараноктар ва тобовар бошанд.

Китоби мазкур намудҳои гуногуни набототу ҳайвоноти нодирро, аз ҷумла онҳое, ки зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд, дар бар мегирад. Инчунин оид ба хусусиятҳои онҳо, маҳалли зисташон, ҳолати ҳифзи муҳити зист ва сатҳи хатари мавҷудбуда маълумоти муфассалро дастрас мегардонад.

“Китоби сурхи наботот ва ҳайвонот аҳамияти хеле муҳим дорад, чунки маълумотҳоеро дастрас мегардонад, ки дар пешбурди афзалиятҳодар сатҳи маҳаллӣ ва глобалӣ кумак мерасонад . Ин китоб ҳамкории беназирро байни созмонҳое, ки масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро баррасӣ мекунанд, дастгирӣ мекунад,” – гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Ҷаҳон талафоти гуногунии намудҳоро бо суръати ташвишовар таҷриба карда истодааст. Таҷрибаҳои ноустувори истеҳсоли зироатҳо, моҳидорӣ ва чорводорӣ ба солимии гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Коҳиши бузург дар гуногунии наботот, ки барои исеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода карда мешавад, ба чашм мерасад: масалан аз 200 намуди растанӣ, мувофиқ барои истеҳсоли озуқа, нӯҳтои онҳо 66 фоизи озуқавории моро истеҳсол мекунанд.

“Дар маҷмӯъ, донишу маълумот, махсусан барои аҳолии деҳот, ки наздики минтақаҳои аз гуногунии биологӣ бою ғанӣ иқомат мекунанд, дар ҳифз ва нигоҳдории ҳаёти набототу ҳайвонот аҳамияти муҳим дорад,” – давом дод Гучгелдиев. – Мо ният дорем бештар бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самтҳои ҳифз ва пешбурди захираҳои генетикии миллӣ ҳамкорӣ намуда, дастрасии онҳоро ба фермерони маҳаллӣ барои соҳаи устувори кишоварзӣ ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ҳамкорӣ намоем.”

Тоҷикистон яке аз минтақаҳои зебоманзар ва кӯҳистони Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, гуногунии васеъ ва эндемизми олами наботот ва ҳайвонотро нигоҳ медорад. Донишу иттилооти нокифоя метавонанд дарки мураккаби масъалаҳои нигоҳдориро халалдор намоянд. Дар робита ба ин Китоби Сурхи наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон ба банақшагирӣ ва амалигардонии бомуваффақи чорабиниҳо барои ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта мусоидат мекунад.

ФАО дорои таърихи тулонии дастгирӣ намудани ҳифзи гуногунии биологӣ мебошад. Дар Тоҷикистон, ФАО таҷрибаҳои пешқадами ҳифзи хок ва захираҳоро барои истеҳсоли устувори маҳсулотҳои кишоварзӣ пешбарӣ менамояд. Инчунин диверсификатсияи маҳсулотҳоро бо мақсади ҳифз кардани хок ва гуногунии агробиологӣ дастгирӣ мекунад.

 “Кумитаи мӯҳити зист бо ФАО дар амалӣ намудани лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист, экология, мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, идоракуии захираҳои об ва дигарон ҳамкории зич дорад,” – гуфт Музаффар Салимов, сардори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Кумита . – Китоби Сурх байни муассисаҳои таҳсилотӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор дастрас карда мешавад.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...