Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Хоруғ – Ишкошим барқарор шуд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

“Дирӯз, 24 январ баъди як ҳафта роҳ байни Хоруғ ва Ишкошим боз шуда, воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ равуо доранд. Айни замон алҳол эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ вуҷуд надошта, лекин дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус машғули кор аст”, – хабар доданд аз Кумита.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати нақлиёт дар ин роҳи мошингард рӯзи 17 январ бар асари тармафароиҳо дар қитъаҳои роҳ қатъ шуда буд. Ҳамон рӯз кормандони истифодабарии роҳ Мафтулбек Музофирбекови 40-сола ва падари ӯ – Ақризобек Музофирбекови 64-сола зери тарма монда, ҳалок шуданд.

Санаи 20 январ дар натиҷаи ҳодисаҳои тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд низ мудати як шабонарӯз қатъ гардида буд.

Дар маълумоти санаи 24 январ нашршуда дар сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр мегардад, ки барфрезиҳои чанд рӯзи охир тақрибан дар ҳама роҳҳои мошингард гаштугузори мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард.

Гуфта мешавад, ба шарофати заҳамоти пайвастаи кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, IRS, талоши ҳукуматҳои маҳаллӣ то ин замон қариб ҳама роҳҳо аз барфтӯдаҳо пок шудаву нақлиёт дубора ба ҳаракат даромад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...