Ҳаракати нақлиёт бо роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан қатъ шуд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Хоруғ-Ишкошим муваақатан қатъ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Дар роҳи Хоруғ-Ишкошим тармаҳо фаромада, роҳ баста аст. Дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус ҷиҳати тозакунии роҳ аз тармаҳо кор мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дигар роҳҳои кишвар ва ағбаҳо боз буда, дар роҳҳои кӯҳистон посгоҳҳои зудамал ташкил карда шудааст.

Дар маълумоти Кумита бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ қайд мешавад, ки то 6 феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ мемонад. Барфу борон дар навоҳии алоҳидаи кишвар бошиддат меборанд. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво аз 8 то 10 дараҷа паст мешавад.

“Бошиддат боридани барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ сабабгори лағзиши тарма дар роҳҳо мешавад. Бахусус хавфи тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Лахш – Қарамиқ бештар аст”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти филиали ширкати IRS, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд барқарор шудааст. Субҳи имрӯз бар асари тармафароӣ дар километрҳои 69-71 роҳ муваққатан баста шуда буд.

“Кормандони филиали ширкати IRS роҳро тоза намуда, он боз аст. Ҳаракати автомашинаҳои бооркаши ядакдор (притсеп) ва фураҳо маҳдуд буда, хатари тармафароӣ боқӣ мемонад”, – гуфт сухангӯи ширкат Далер Мерганов.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар робита ба барфрезӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор ва дар роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Дар  робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аҳолии кишвар ва меҳмононро огоҳ мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ба дилхоҳ манотиқи кишвар худдорӣ намоянд ва ё агар зарур аст, ки раванд, пас бояд хеле эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...