Тақдири бонкҳои дорои мушкилоти Тоҷикистон моҳи феврал ҳал мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Масъалаи фаъолияти минбаъдаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аввали даҳаи охири моҳи феврал ҳал мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба сохторҳои марбута дастур дод, ки оид ба фаъолияти ин бонкҳо то 20 феврал хулосаи асоснок пешниҳод карда шавад, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 6 феврал дар Душанбе раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

“То санаи зикршуда чунин хулоса таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад”, – иброз дошт раиси БМТ.

Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби ин бонкҳо корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст, ки ба камшавии уҳдадориҳояшон назди амонатгузорон мусоидат кардааст.

Бино ба қавли Нурмаҳмадзода, айни замон қарзи “Агроинвестбонк” назди шахсони воқеӣ 738 млн. сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” – 504 млн. сомониро ташкил дода, ҳарчанд зимни фурӯши амвол ин бонкҳо ба мушкилиҳо дучор бошанд ҳам, кӯшиш доранд, ки амонатҳои одамонро баргардонанд.

Эҳтимоли тамдиди муҳлати ҷараёни барҳамдиҳии бонкҳо

Раиси БМТ зикр кард, ки дар сурати зарурат муҳлати ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ боз як соли дигар дароз шуда метавонад.

Иҷозатномаи ин ду бонк моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, пас аз ин ҷараёни маҷбурӣ барҳамдиҳии онҳо шурӯъ шуд.

“Дар ин самт мушкилиҳои зиёде ҷой доранд, чунки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо таҷрибаи маҷбуран барҳамдиҳии бонкҳоро надоштем, лекин ба ҳар ҳол, корҳо дар ин самт идома доранд”, – иброз дошт номбурда.

Ӯ таъкид дошт, ки уҳдадориҳои “Тоҷпромбонк” назди аҳолӣ то 59 млн. сомонӣ кам шуда, дар “Фононбонк” дар масъалаи баргардонидани амонатҳо ҳеҷ мушкилие нест.

Нурмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки нисбати собиқ раиси “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

“Ӯ бо амвол наздики 100 млн. сомониро ба бонк баргардонид, ки маъмури махсуси “Тоҷпромбонк” онҳоро бояд дар музояда фурӯхта, воситаҳои одамонро баргардонад”, – гуфт раиси Бонки миллӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки ба амонатгузорони бонкҳо амвол пешниҳод шуда, лекин онҳо пулҳои худро бозпас гирифтанианд. “Пул танҳо баъди фурӯши амвол пайдо мешаванд”, – афзуд Нурмаҳмадов.

Ба умеди сармоягузорӣ

Ҳамаи бонкҳои дар боло зикршуда соли 2016 ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуда, мунтазам аз уҳдаи таъмини уҳдадориҳо назди амонатгузоронашон намебаромаданд.

Аввали соли 2017 ҳукумат тасмим гирифт, ки бонкҳои нисбатан бузург – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дастгирӣ мекунад ва бо ин мақсад ба онҳо қарз дод. Ин бонкҳо бояд то охири соли 2021 воситаҳои ҳукуматро баргардонанд, ки бояд ба сармоягузориҳои иловагӣ иваз шаванд.

Дар “Агроинвестбонк” чанд рӯз пеш ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки ҷустуҷӯи сармоягузорон идома дошта, лекин хоҳишмандони маблағгузорӣ ба сармояи ин ташкилоти қарзӣ алҳол пайдо нашудаанд.

Дар “Тоҷиксодиротбонк” бошад, бештар ба оянда хушбин буда, умедворанд, ки ояндаи наздик сармоягузории иловагӣ дастрас мекунанд.

“Айни замон мушаххас гуфта наметавонем, ки ин кор кай сурат мегирад, лекин он ояндаи наздик амалӣ мешавад. Дар ин хусус бо сармоягузорони чиниву арабӣ ва ҳамчунин чанде аз ташкилотҳои хориҷӣ – бонкҳои русиягии ВТБ ва Сберанк, “Казкоммерсбонк”-и Қазоқистон, сохторҳои тиҷоратии Гонконг, Словакия ва Малайзия гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар “Тоҷиксодиротбонк”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...