Афзоиши ҳодисаҳои дидаву дониста сироят кардани одамон ба ВНМО дар Суғд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Суғд аз афзоиши ҳодисаҳои сироят кардани одамон аз ҷониби шахсони сироятёта за Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) нигаронӣ изҳор мекунад.

“Агар соли 2018 дар қаламрави вилояти Суғд мутобиқи моддаи 125 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Сироят кардан бо инфекцияи ВИЧ, ВНМО) 6 парвандаи ҷиноӣ боз шуда бошад, пас танҳо давоми моҳи январи соли 2019 нисбати шахсони сироятёфта аз ВНМО, ки дидаву дониста шахсони дигарро сироят кардаанд, 7 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2018 дар қаламрави вилоят 397 нафар афроди нави сироятёфта аз ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 239 нафарашонро занон ташкил дода, 97 тан аз онҳо фавтидаанд.

“Шурӯъ аз соли 2001 дар вилояти Суғд 2411 нафар шахсони сироятёфта аз ВНМО сабт шудаанд, ки 1507 нафарашонро мардон ва 904 нафарашонро занон ташкил дода, 714 нафари онҳо фавтиданд”, – илова намуд Ҳабибулло Воҳидов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...