Тоҷикистон дар зинаи охир аз рӯи суръати интернет

Баҳманёр Нодиров

Дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index (маълумоти моҳи январи соли 2019) аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт.

Портали интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги ҳармоҳаи Speedtest Global Index-ро ба нашр расонид, ки дар он дар бораи суръати интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар ҷаҳон аз рӯи натиҷаҳои моҳи январи соли 2019 маълумот дода шудааст.

Аз рӯи суръати интернети мобилӣ муаллифони рейтинг Тоҷикистонро пас аз Афғонистон (зинаи 136-ум) дар мақоми 137-ум гузоштаанд.

Аввали соли гузашта суръати интернети мобилӣ 5,72 Мбит/сонияро ташкил дода, моҳи ноябр то ба 4,9 Мбит/сония поин рафт.

Байни кишварҳои ИДМ Қазоқистон дар ин феҳрист мақоми 85, Русия – 82, Қиргизистон – 111 ва Ӯзбекистон – зинаи 129-умро касб кардаанд.

Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ байни 177 кишвари саросари дунё Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 15,66 Мбит/сония мақоми 113-умро касб кардааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти моҳи декабри соли гузашта, байни 124 кишвари дунё Тоҷикистон аз рӯи суръати интернет зинаи охир – 124-умро ишғол намуда буд. Он замон доир ба суръати интернети ноқилӣ дар Тоҷикистон маълумот зикр нагардида буд.

Чанде қабл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дод, ки аз аввали баҳор суръати интернет дар кишвар боло ва сифати он беҳтар шуда, ҳамчунин интернет арзон хоҳад шуд ва ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал) аз 20 Гигабит то 50 Гигабит меафзояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.