Тадқиқот: Никоҳи барвақтӣ ба ҷанҷолҳои оилавӣ оварда мерасонад

Дар Душанбе маросими муаррифии тадқиқоти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар мавзӯи “Никоҳи бармаҳал: Омилҳои ҷудоӣ ва худкушӣ” доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи faraj.tj, нишасти мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон” ва сарпарастии Бунёди канадагии “Ташаббусҳои маҳаллӣ”доир шуд. Гуфта мешавад, тадқиқоти мазкур дар 17 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он 2500 […]

Дар Душанбе маросими муаррифии тадқиқоти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар мавзӯи “Никоҳи бармаҳал: Омилҳои ҷудоӣ ва худкушӣ” доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи faraj.tj, нишасти мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон” ва сарпарастии Бунёди канадагии “Ташаббусҳои маҳаллӣ”доир шуд.

Гуфта мешавад, тадқиқоти мазкур дар 17 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он 2500 нафар иштирок кардаанд.

Бо такя ба натиҷаҳои тадқиқот зикр мешавад, ки беш аз нисфи пурсидашудагон (57,5%) дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки худи духтар бояд ҳамсари ояндаашро интихоб намояд.

Гуфта мешавад, қариб сеяки пурсидашудагон (27,8%) то ҳол мутмаинанд, ки шавҳари ояндаи духтарро бояд падару модарон интихоб кунанд ва 10,1%-и пурсидашудагон ин интихобро ба дӯши пайвандону наздикон (ба ҷуз волидон) вогузор кардаанд. 

Тавре дар муаррифинома зикр шуд, 33% пурсидашудагон сабаби никоҳи барвақтиро дурӣ аз таҳсил медонанд, 33,2%урфу одат, 20,6% камбағалӣ ва 15% таъсири омилҳои динӣ.

Қариби нисфи пурсидашудагон (44,7%) гуфтаанд, ки никоҳи барвақтӣ ба ҷанҷолҳои оилавӣ оварда мерасонад. Сеяки пурсидашудагон (35,8%) қайд кардаанд, ки натиҷаи никоҳи барвақтӣ ҷудоӣ аст. 9,4% пурсидашудагон гуфтаанд, ки никоҳи барвақтӣ боиси гирифтори бемориҳои гуногун мешавад. 8,1% сеяки пурсидашудагон (32,1%) сабаби никоҳи маҷбуриро дурӣ аз таҳсил, 31,7% урфу одат, 19,4% камбағалӣ ва 12,7% таъсири омилҳои динӣ шуморидаанд.

Сабаби ҷудошавии оилаҳо аз назари пурсидашудагон: 38,8%-никоҳи бармаҳал ва маҷбурӣ, 28,6%-муҳоҷират ва мушкилоти иқтисодӣ, 17,2% фишори хешовандони домод, 12,8 дурӣ аз фармудаҳои динӣ.

Мувофиқи омори Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар соли гузашта 82 556 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 11013 никоҳ бекор карда шудааст, ки нисбати соли 2017 ҳазор ҳолат бештар аст. Давоми соли 2018 дар тамоми кишвар 236 зан даст ба худкушӣ задаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.