Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини миллӣ байни калонсолон бахшида ба ҷашни Наврӯз доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  9.4384 сомонӣ; 1 евро – 10.6947 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1425 […]

АНОНС

– Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини миллӣ байни калонсолон бахшида ба ҷашни Наврӯз доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4384 сомонӣ;

1 евро – 10.6947 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1425 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1993 — Дафтари кории САҲА дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.

2003 — Дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд воҳиди махсуси ВКД ҶТ миқдори зиёдтарини маводи мухаддир дар таърихи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар – 345 кило героинро дарёфт ва мусодира намуд.

1929 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Яъқуб Сабзанов.

1930 – Мавлуди адабиётшинос, нависанда Зоҳир Аҳрорӣ.

1939 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Тӯхта Иброҳимова.

1974 – Мавлуди олим-табиб Нигина Даминова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ шабона барф борида, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -8-13, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -13-18, рӯзона -5-10.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ шабона барф борида, баъзан туман мефарояд..   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -4+1.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -3-5.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.