Сармоягузории Тоҷикистон ба соҳаи мошинсозӣ ва истихроҷи нафти Русия

Ҳукумати Тоҷикистон саҳмдори корхонаи бузурги мошинсозиии Русия – ҶСК “ГАЗ” буда, молики 32,5 ҳазор саҳмияи ин корхона аст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон. Дар маълумоти Кумита доир ба миқдори ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон бо фоизҳо дар бастаи умумии саҳмияҳои ширкат маълумот дода нашудааст. ҶСК “ГАЗ” корхонаи бузурги мошинсозии Русия буда, дафтари […]

Ҳукумати Тоҷикистон саҳмдори корхонаи бузурги мошинсозиии Русия – ҶСК “ГАЗ” буда, молики 32,5 ҳазор саҳмияи ин корхона аст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Дар маълумоти Кумита доир ба миқдори ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон бо фоизҳо дар бастаи умумии саҳмияҳои ширкат маълумот дода нашудааст.

ҶСК “ГАЗ” корхонаи бузурги мошинсозии Русия буда, дафтари кории асосиаш дар шаҳри Нижний Новгород воқеъ аст. “Гурӯҳи ГАЗ” холдинге мебошад, ки як қатор корхонаҳои саноатии бахши мошинсозиро муттаҳид мекунад.

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон дорои саҳмияҳои дигар ширкати русиягӣ – ҶСК “Саратовнефтегеофизика” аст, ки ба корҳои ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафт машғул аст. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар сармояи оиннномавии ин ширкат тибқи маълумоти Кумита, 1,73%-ро ташкил медиҳад.

Дар дохили Тоҷикистон ҳукумати ҷумҳурӣ дар сармояи оинномавии 140 ширкат, аз ҷумла 13  ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва 4 ҷамъияти дорои масъулият маҳдуд ҳиссаи муайян дорад.

Байни онҳо 47-тоашон корхонаҳои истеҳсолӣ ва 19-тоашон ширкатҳои сохтмон буда, 74-тои дигар ба пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун машғуланд.

Дар сармояи оинномавии 188 ширкатҳои саҳҳомӣ 100%-и бастаҳои саҳмия ба давлат тааллуқ дорад.

Корхонаҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон, ки ба ҳиссаи бештари саҳмияҳои онҳо ҳукумат соҳиб аст: ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.