Веломарафони оммавии зимистонаи Хуҷанд- Бӯстон бо алоқа аз ширкати Tcell

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell баргузории веломарафони оммавии зимистонаро, ки ду шаҳри вилояти Суғд- Хуҷанд ва Бӯстонро ба ҳам пайваст кард, дастгирӣ намуд. 

Расми ифтитоҳи веломарафон бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд ва директори генералии ширкати Tcell баргузор гардид.

Дар веломарафони Хуҷанд- Бӯстон беш аз 200 дучархарон ва дӯстдорони ин навъи варзиш иштирок карданд. Дар ин сабқат, Шарипов Раббонишоҳ, Бобоҷонов Бобоҷон и Мухаммадҷонов Наимҷон, ки аз ҳама пештар ба марра расиданд, ғолибони мусобиқа эълон гардиданд. Ба барандагони сабқат ҳадяҳои арзишнок- смартфон ва зангҳои телефонӣ бо тавозун аз ширкати Tcell ҳадя намуданд. Ҳамчунин, ғолибон бо рақамҳои “зебо”-и “тиллоӣ”, “нуқрагӣ” ва “биринҷӣ” аз ширкат соҳиб гардида, ба тарофаи даркории «Даркор 59» пайваст шуданд.

Дар анҷомии сабқат ҳамаи иштирокчиёни веломарафон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи варзиш ва ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати РТ сарфароз гардонида шуданд. Tcell ҳамчунин барои ҳамаи иштирокдорони мусобиқа боз як иқдомро роҳандозӣ кард: ҳамаи варзишгарон имкон пайдо карданд, ки ҳангоми харидории рақамҳои “биринҷӣ” тахфифи 50%  дарёфт намоянд!

Аснои баргузорӣ ва идомаи веломарафон иштиркчиён аз алоқаи боэътимоди Tcell баҳравар гардида, аз ҷараёни мусобиқа аксу навор мегузоштанд, эҳсосоти худро баён мекарданд, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамуданд.

Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ аз умдатарин бахши кӯмак ба умури иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва ин барои ширкат масъулияти бузурге дорад. Тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои онро ташвиқ карда, ба ин васила ширкати Tcell саҳми худро дар солимгардонии миллат ва афроди он мегузорад.  

«Мо чандин бор чунин мусобиқаҳои варзиширо баргузор ва ҳам дастгирӣ кардаем. Таври мисол, мусобиқоти футбол миёни кӯдакон, бозиҳои варзишии волейбол миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, инчунин мусобиқаи баскетбол миёни шахсони имконияташон маҳдудро ба ин намуна ворид кардан мумкин аст. Сабқатҳои варзишии мухталифро дастгирӣ карда, ба ин роҳ мо кӯшиш менамоем, ки ба одамон, махсусан ба қишри ҷавон тарзи ҳаёти солим ва аҳамияти варзишро дар ҳаёт бифаҳмонем. Итминон дорем, ки веломарафон дар Суғд барои рушди ин намуди варзиш мусоидат мекунад ва оғози чунин чорабиниҳои бузурги варзишӣ хоҳад шуд”, – мегӯяд Директори департаменти маркетинг ва коммуникатсияи ширкати Тсell Кети Пирцхалава.

 Веломарафони оммавии зимистона бо ҳадафи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷавонони Тоҷикистон доир мешавад. Чорабинии варзишии мазкур бо ибтикори Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ширкати Tcell, инчунин ширкати Coca-Cola-ву Somon Air баргузор мегардад.

___________________

Tcell –    бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.