Қоидаҳои нави фурӯши симкорт: бо шиносномаи нав ва зери назорати камераҳои видео

Акнун шаҳрвандони Тоҷикитсон аз ду симкорт зиёдтар гирифта наметавонанд. Симкортҳо бояд бо шиносномаҳои намунаи нав (доданаш аз соли 2014 оғоз шудааст) зери назорати камераҳои мушоҳидавӣ ба қайд гирифта шаванд. Дар ин бора дар қарори ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва […]

Акнун шаҳрвандони Тоҷикитсон аз ду симкорт зиёдтар гирифта наметавонанд. Симкортҳо бояд бо шиносномаҳои намунаи нав (доданаш аз соли 2014 оғоз шудааст) зери назорати камераҳои мушоҳидавӣ ба қайд гирифта шаванд. Дар ин бора дар қарори ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» маълумот дода мешавад.

Қарори ҳукумат оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур аз 30 апрели соли 2016 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 феврали соли 2019 ба имзо расида, рӯзи 15 феврал дар нашрияи ҳукумати Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” ба нашр расид.

“Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чораҷӯӣ намояд”, – омадааст дар қарори ҳукумат.

Гуфта мешавад, пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон муваққатӣ истиқомат доранд, тибқи ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи шахсият ва будубоши қонунии онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон вобаста ба муҳлати иҷозати будубош – муҳлати амали раводид, барои шахсоне, ки дар Тоҷикистон бо тартиби бераводид будубоши муваққатӣ доранд – ба муҳлати амали бақайдгирӣ ва барои шахсоне, ки  бе бақайдгирӣ ҳуқуқи будубоши муваққатӣ доранд – ба муҳлати мазкур амалӣ карда мешавад.

Мувофиқи тағйироти нав ба банди 17-и қарор, шахсони масъул бояд насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо таъмин намуда, зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд. Иваз ё гирифтани шиносномаи намунаи нав 10 доллар нарх дорад.

“Хизматрасонии симкортҳое, ки дар муҳлати 6 моҳ истифода бурда намешаванд, бояд қатъ карда шавад. Ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро, аз ҷумла дар шакли электронӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ нигоҳ доранд”, – қайд мешавад дар қарор.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои дар Тоҷикистон бақайдгирифташуда дар ҳудуди давлати хориҷӣ манъ аст.

Дар банди 20-ум қарор зикр мегардад, ки ноболиғон аз синни 16 бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 2014 симкортро ба номи худ дастрас намоянд ва падару модар ва намояндагони дигари қонунӣ уҳдадоранд истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ ва ё шахсони таҳти васоят ва парастории онҳо қарордошта назорат баранд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкатҳои Tcell, Вавилон-М, Мегафон Тоҷикистон ва Beeline ба пешниҳоди хизматгузориҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон машғуланд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.