Дастгирри Tcell аз беҳтарин велосипедронҳои Тоҷикистон дар сабқати Ҷоми «Критериум»-и Суғд

Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо дастгирии ширкати Tcell барои аввалин бор мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани Ҷоми ФВҶТ «Критериум 2019»-ро дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор намуданд. Мусобиқаи варзишии «Критериум» аз иштирокчиён омодагии ҳамаҷониба ва тайёрии комилро тақозо мекард. Ҷоми ФВҶТ «Критериум» ба гунаи як чорабинии диданӣ, тамошобоб буд, ки дар ҳалқароҳи масофааш 1,76 км […]

Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо дастгирии ширкати Tcell барои аввалин бор мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани Ҷоми ФВҶТ «Критериум 2019»-ро дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор намуданд.

Мусобиқаи варзишии «Критериум» аз иштирокчиён омодагии ҳамаҷониба ва тайёрии комилро тақозо мекард. Ҷоми ФВҶТ «Критериум» ба гунаи як чорабинии диданӣ, тамошобоб буд, ки дар ҳалқароҳи масофааш 1,76 км дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд тавассути кӯчаҳои Гагарин, Пушкин ва Мири ин шаҳр доир гардид.

Барои Ҷоми «Критериум» беш аз 35 велосипедсавори ҳирфаӣ (касбӣ) аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар чор даста (категория)-и синну солӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар категорияи  «Ҷавонон» (17-18 сола)- Қодиров Фирдавсҷон, Бурҳонов Султонмурод, Қодиров Комрон баранда гардид, дар ҳамин намуд миёни духтарон – Фараҳнози Баҳром, Амонова Анасултон, Қурбонова Гулша ғолиб омаданд. Дар риштаи «Андераҳо» (19-22 сола) бошад, ҷойҳои  ифтихориро Юнусов Манучеҳр, Азизов Муҳаммадҷон, Абдуллоев Манучеҳр бо ҳам диданд. Дар категорияи «Элита» (аз 23-сола боло), Савостянов Далер, Раҳимов Ҷалол, Аминов Рахимҷон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ба барандагони сабқат ҳадяҳои арзишнок- смартфон ва зангҳои телефонӣ бо тавозун аз ширкати Tcell ҳадя намуданд. Ҳамчунин, ғолибон бо рақамҳои “зебо”-и “тиллоӣ”, “нуқрагӣ” ва “биринҷӣ” аз ширкат соҳиб гардида, ба тарофаи даркории «Даркор 59» пайваст шуданд.

Қарор аст, ғолибони ин сабқат дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё-2019, ки дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат намоянд.

Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми «Критериум» аз варзишкорон омодагии ҳамаҷонибаи варзишӣ, сабру тоқат ва саломатии комилро тақозо мекунад. Ҷоми ФВҶТ «Критериум-2019» аз беҳтарин чорабинии варзишӣ дар риштаи дучархаронӣ маҳсуб ёфта, барои аввалин бор дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор гардид. 

«Мо, ба унвони як бренди пурқувват ва мӯътадил дар бозори иқтисодии Тоҷикистон, муваззаф ҳастем, ки саҳми худро дар рушди бахшҳои мухталифи кишвар гузорем. Бо дастгирии чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва варзишгарон, мо тарзи ҳаёти солимро ташвиқ карда, аҳамияти бузург доштани варзишро дар зиндагии одамон мефаҳмонем. Ба ҳамаи иштирокдорони чорабинии варзишӣ дастовардҳо ва комёбиҳои нав ба нави варзиширо таманно дорем”, – иброз дошт директори департаменти коммуникатсия ва маркетинги ширкати Тcell Кети Пирцхалава.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФВҶТ  «Критериум 2019» бо ҳадафи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷавонон роҳандозӣ мегардад.   Чорабинии мазкури варзишӣ бо ибтикори Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидати ширкатҳои Tcell ва Соса Соla баргузор мешавад.  

___________________

Tcell –    бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.