“Миллион то соли нав” пас аз тасхири Хуҷанд ба Душанбе омад

14 феврал дар кинотеатри Кайҳон (воқеъ дар Маркази савдои “Ашан”) нахустнамоиши филми ҳаҷвии “Миллион то соли нав” баргузор гардид. Филми мазкур аз ҷониби филмофарони ҷавони Хуҷанд таҳия гардидааст. Продюсери филми “Миллион то соли нав” Аъзамхон Акбаров, ки ҳамзамон директори Ширкати радио-телевизиони “АЗИЯ” ва роҳбари “Сарҳади ҳаҷв” (Территории юмора) мебошад, ба “Азия – Плюс” гуфт, ки […]

14 феврал дар кинотеатри Кайҳон (воқеъ дар Маркази савдои “Ашан”) нахустнамоиши филми ҳаҷвии “Миллион то соли нав” баргузор гардид. Филми мазкур аз ҷониби филмофарони ҷавони Хуҷанд таҳия гардидааст.

Продюсери филми “Миллион то соли нав” Аъзамхон Акбаров, ки ҳамзамон директори Ширкати радио-телевизиони “АЗИЯ” ва роҳбари “Сарҳади ҳаҷв” (Территории юмора) мебошад, ба “Азия – Плюс” гуфт, ки ин филм давоми 23 рӯз ба навор гирифта шуда, чанде қабл пешкаши тамошобинони шаҳри Хуҷанд гардонида шуд.

“Сужаи филм бо шиносоии Шерзод – ҷавоне, ки дар шабакаи радиоӣ кор мекунад ва зебосанаме бо номи Дилноза оғоз меёбад. Шерзод аз нигоҳи аввал ошиқи он духтар мегардад ва вақте дар пайи тасхири қалби Дилноза мешавад, маълум мегардад, ки Дилноза духтари Ҷамил Тоҳирович – сарватманди соҳибэҳтироми шаҳри Хуҷанд будааст. Падари Дилноза дар назди Шерзод шарт мегузорад, ки то соли нав як миллион сомонӣ пайдо намояд! Агар “Маҷнун” шарти пешгузоштаро иҷро карда тавонад, пас Ҷамил Тоҳирович розӣ мешавад, ки ӯ бо духтараш оила барпо намояд. Шерзод розӣ мешавад ва аз пайи иҷрои шарт мегардад. Шерзод бо ёрии дӯстонаш дар пайи ҷустуҷӯйи пул мешаванд ва воқеаҳои аҷибу ғариби зиёдро паси сар мекунанд…”

Дар филми мазкур зисту зиндагонӣ ва гӯйишу одатҳои мардуми шаҳри Хуҷанд бештар тасвир ёфтааст. Аз ин сабаб, барои тамошобинони шаҳри Душанбе он боз ҳам шавқовартар гардидааст.

Қаҳрамонҳои асосии филм иштирокчиёни шоу-барномаи “Сарҳади ҳаҷв” (Территории юмора) мебошанд, ки воқеан тавонистаанд нақшҳои бар зиммаашон гузошта шударо ҳирфаӣ ва бо тамоми истеъдод иҷро намоянд.

Искандар Раҳмонов, сокини Душанбе, ки аз тамошои ин филм баромада буд, таассуроти худро чунин баён намуд:  «Миллион то соли нав» тасаввуроти то ин лаҳза доштаи ман дар бораи филмофарии тоҷикро тағйир дод. Тамоми муҳлате, ки филмро тамошо мекардам, ман дар ҳаяҷон будам ва руҳам болида буд. Махсусан, ҳунармандон нақшҳои худро табиӣ бозӣ кардаанд. Истифодаи лаҳҷаи мардуми Хуҷанд, фикр мекунам, филмро боз ҳам шавқовартар намудааст”.

Дилошӯб Камолова, донишҷӯдухтари тоҷик ҳам бо табассум дар лаб аз толори кино берун шуда, зикр намуд, ки чанд сол шуд, ки чунин нахандида буд.

– То ин лаҳза аслан кам ба кинотеатр мерафтам, махсусан барои тамошои филмҳои ватанӣ шавқ надоштам, аммо пас аз тамошои “Миллион то соли нав” ба хулосае омадам, ки санъаткорони мо ҳам метавонанд филмҳои хуб офаранд. Ростӣ, тамоми муддати идомаи филм хандидам.

Аъзамхон Акбаров мегӯяд, ки филми мазкур 31 декабри соли 2018 тариқи шабакаи телевизионии “АЗИЯ” дар вилояти Суғд намоиш дода шуд ва пас аз хоҳишҳои зиёд, қарор кардаанд, ки ин филмро дар Душанбе низ ба намоиш гузоранд.

Ҳоло ин филм дар кинтеатри «Кайҳон» ба намоиш гузошта шудааст ва қарор аст намоиш то 20-уми феврал идома ёбад. Аъзамхон Акбаров зикр намуд, ки идома ёфтани намоиши филм аз сокинони Душанбе вобаста аст.

– Агар талабот бошад, мо муҳлати намоиши филмро тамдид менамоем,-гуфт Аъзамхон Акбаров.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.