Туркманистон ба тарки мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламраваш иҷоза дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукуматдоргони Туркманистон ба тарки мошинҳои боркаши дорои маҳсулоти таъиншуда ё содиротшаванда ба Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар иҷоза доданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, ҳамаи 12 мошини боркаши Тоҷикистон, ки аз аввали моҳ он ҷо дармонда буданд, қаламрави ин кишварро тарк кардаанд.

Дар Вазорати нақлиёт қайд карданд, ки дар ҳамин ҳол, ба вуруди автомашинаҳо ба қаламрави Туркманистон бо борҳо барои Тоҷикистон алҳол иҷоза нест. То 50 автомашинаи боркаш то ҳол дар сарҳади ин кишвар қарор доранд.

Ҳамчунин ҳукуматдорони Туркманистон гузаштани вагонҳои қатораро бо маҳсулот барои Тоҷикистон манъ кардаанд.

Аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки дар истгоҳҳои гуногуни ин кишвар беш аз 100 вагони маҳсулоти Тоҷикистон интизори иҷозаи гузаштан мебошанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вагонҳо маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон, техника ва таҷҳизоти гуногун мавҷуд аст.

Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки алҳол муайян кардани сабаби манъи транзии борҳои Тоҷикистон муяссар нагардида, барои ҳалли ин мушкилот созмонҳои байнулмлалӣ ҷалб шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.