Вохӯриҳои дӯстонаи мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб

Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар Дубай тамринҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад. Дар ин ҷамъомади тамринӣ фуболбозогни тоҷик бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ду вохӯрии дӯстона барпо мекунанд. Бозиҳо рӯзҳои 8 ва 11 март дар Дубай баргузор мешаванд, хабар […]

Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар Дубай тамринҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.

Дар ин ҷамъомади тамринӣ фуболбозогни тоҷик бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ду вохӯрии дӯстона барпо мекунанд. Бозиҳо рӯзҳои 8 ва 11 март дар Дубай баргузор мешаванд, хабар медиҳад сомонаи расмии ФФТ.

Қобили зикр аст, ки тамринҳои мазкур дар доираи омодагии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 доир мегардад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешавад. Футболбозони мо дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) рақобат мекунанд. Даври финалии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Тайиланд баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ, дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Дар сурате, ки агар дастаи Тайиланд дар мусобиқаи даври интихобӣ зинаи аввалро ишғол намояд ё байни зинаҳои дуюми гурӯҳҳо бо нишондиҳандаҳои беҳтарин қарор гирад, пас дастаи панҷуми беҳтарин байни зинаҳои дуюм ба даври финалии мусобиқа роҳхат мегирад.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.