Сабти ду заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи нуҳ дақиқа

Субҳи имрӯз сокинони пойтахт дар фосилаи 9 дақиқа – соати 06:26 ва 06:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ ду заминларзаро эҳсос намуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, маркази заминларзаҳо мутаносибан дар 22 ва 19 километрии ҷанубу шарқи (наздиктар ба шарқ) пойтахт дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шудааст. Зимнан зикр […]

Субҳи имрӯз сокинони пойтахт дар фосилаи 9 дақиқа – соати 06:26 ва 06:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ ду заминларзаро эҳсос намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, маркази заминларзаҳо мутаносибан дар 22 ва 19 километрии ҷанубу шарқи (наздиктар ба шарқ) пойтахт дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки қувваи заминларза дар ҳодисаи аввал дар марказаш – ба 2-3 балл ва дар заминҷунбии дуюм – ба 4 балл расида, қувваи заминларза дар Душанбе мутаносибан 2-3 ва 3-4 баллро ташкил додааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо алҳол маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи январи соли равон низ дар Тоҷикистон заминҷунбиҳо бо қувваи 3-4 балл рух дода, он замон ҳам маркази заминларза дар самти шаҳри Ваҳдат муайян шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.