Суғд: ҳукми 22 соли зиндон ба шаҳрванди Ӯзбекистон

Суди вилояти Суғд шаҳрванди Ӯзбекистон Гулмира Аҳмедоваро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди вилоят дар ин робита хабар доданд, сокини 41-солаи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқомат мекард, дар куштори бераҳмонаи ҳамсоязан гунаҳкор эътироф гардида, ҷиноят санаи 14 июли соли 2018 […]

Суди вилояти Суғд шаҳрванди Ӯзбекистон Гулмира Аҳмедоваро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди вилоят дар ин робита хабар доданд, сокини 41-солаи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқомат мекард, дар куштори бераҳмонаи ҳамсоязан гунаҳкор эътироф гардида, ҷиноят санаи 14 июли соли 2018 содир шудааст.

“Маҳкумшуда ба тиҷорати хурд машғул ва аз бонкҳо қарздор будааст. Тасмим мегирад, ки ҳамсоязани пиронсолаш Эргашой Холбоеваро кушта амволи ӯ, аз ҷумла ороишот ва зару зевари тиллоии ӯро азхуд мекунад, – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо баҳонаи кумак чиҳати ба ҷойи дигар бурдани ҷевон ӯ ҳамсоязанро ба хонааш даъват мекунад.

“Вақте ҳамсоязан ба хонааш меояд, бо корд ба пушти ӯ ду маротиба зарба мезанад. Зан доду фарёд бардошта, ба кӯча гурехтанӣ мешавад. Маҳкумшуда даҳони занро бо сачоқ баста, чандин маротиба сари ӯро ба фарши хона мезанад. Дар натиҷа ҳамсоязан аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии аз сар гирифтааш ҳалок мешавад”, – гуфтанд дар суд.

Аммо, ба иттилои манбаъ, бо ин ҳам қаноат накарда, маҳкумшуда ҳамаи ороишот ва зару зевари занро гирифта, ӯро ба кампал мепечонад. Сипас бо ёрии писараш ҷасадро ба танӯрхона бурда, онро месӯзонад ва боқимондаҳои ҷасадро дар ҳавлӣ гӯр мекунад. Ороишот ва зару зеварро зан ба 1850 сомонӣ фурӯхтааст.

“Зани пиронсолро пайвандону наздиконаш ба ҷустуҷӯ оғоз мекунанд. Субҳи санаи 21 июл саги фавтида косахонаи сари соҳибашро ба хонаи писараш меорад. Ба туфайли зиракии саг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиноятро пайгир шуда, онро ошкор намуданд”, – илова намуд сарчашмаи хабар. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.