Поин бурдани нарх, афзоиши ҳаҷм: рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди соҳаи паррандапарварӣ мавриди амал қарор дорад. Яке аз вазифаҳои асосӣ – таъмини устувори аҳолӣ бо маҳсулоти паррандпарварӣ ба миқдори кофӣ ва нарзҳои дастрас мебошад. Соли 2018 воридоти гӯшти мурғ ва тухм ба ҷумҳурӣ коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар ин давра 17,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба ҷумҳурӣ ворид […]

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди соҳаи паррандапарварӣ мавриди амал қарор дорад. Яке аз вазифаҳои асосӣ – таъмини устувори аҳолӣ бо маҳсулоти паррандпарварӣ ба миқдори кофӣ ва нарзҳои дастрас мебошад.

Соли 2018 воридоти гӯшти мурғ ва тухм ба ҷумҳурӣ коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар ин давра 17,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 2,2 ҳазор тонна камтар мебошад.

Дар дохили кишвар 2,7 ҳазор тонна гӯшти парранда ва беш аз 450 млн. дона тухм истеҳсол шудааст. Лекин ин миқдор барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ кофӣ нест. Бо вуҷуди ифтитоҳи иқтидорҳои нав дар соҳаи паррандапарварӣ дар Тоҷикистон, талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ин соҳа ҳамагӣ ба андозаи 28% қонеъ мегардад.

Айни замон 19 корхона ба истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ машғуланд, ки корхонаи паррандапарварии “Мурғи Хуросон” дар вилояти Хатлон яке аз корхонаҳои нав дар ин соҳа аст. Корманди корхонаи мазкур Лутфулло Зикиров дар гузориши телевизионӣ изҳор доштааст, ки назди ҳайати кормандони корхона вазифа гузошта шудааст, ки ба поин бурдани арзиши маҳсулот ноил гарданд.

“Дар корхонаи мо беш аз 50 ҳазор сар мурғ парвариш ёфта, шабонарӯзӣ 20-25 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Талабот зиёд аст. Айни замон дар фикри ноил гардидан ба поин бурдани нарх ва мутаносибан арзиши тухмем”, – иброз доштааст ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.