Туркманистон ба тарки мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламраваш иҷоза дод

Ҳукуматдоргони Туркманистон ба тарки мошинҳои боркаши дорои маҳсулоти таъиншуда ё содиротшаванда ба Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар иҷоза доданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Бино ба маълумоти ин ниҳод, ҳамаи 12 мошини боркаши Тоҷикистон, ки аз аввали моҳ он ҷо дармонда буданд, қаламрави ин кишварро тарк кардаанд. Дар Вазорати нақлиёт қайд карданд, […]

Ҳукуматдоргони Туркманистон ба тарки мошинҳои боркаши дорои маҳсулоти таъиншуда ё содиротшаванда ба Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар иҷоза доданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, ҳамаи 12 мошини боркаши Тоҷикистон, ки аз аввали моҳ он ҷо дармонда буданд, қаламрави ин кишварро тарк кардаанд.

Дар Вазорати нақлиёт қайд карданд, ки дар ҳамин ҳол, ба вуруди автомашинаҳо ба қаламрави Туркманистон бо борҳо барои Тоҷикистон алҳол иҷоза нест. То 50 автомашинаи боркаш то ҳол дар сарҳади ин кишвар қарор доранд.

Ҳамчунин ҳукуматдорони Туркманистон гузаштани вагонҳои қатораро бо маҳсулот барои Тоҷикистон манъ кардаанд.

Аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки дар истгоҳҳои гуногуни ин кишвар беш аз 100 вагони маҳсулоти Тоҷикистон интизори иҷозаи гузаштан мебошанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вагонҳо маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон, техника ва таҷҳизоти гуногун мавҷуд аст.

Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки алҳол муайян кардани сабаби манъи транзии борҳои Тоҷикистон муяссар нагардида, барои ҳалли ин мушкилот созмонҳои байнулмлалӣ ҷалб шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.