Чанд сохтмончии бузургтарин масҷид дар Душанбе аз баландии 60 метр ба замин афтоданд

Ҳангоми кор дар ин масҷид, зинапоя ба замин афтодааст ва сохтмончиён аз баландии 60 метр сарозер шудаанд. “Касе ҳалок нашудааст. Нӯҳ нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳои Душанбе бистарӣ карда шудаанд”,- гуфт сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ. Ба иттилои Умеда Юсуфӣ, кормандони Кумитаи мазкур ба […]

Asia-Plus

Ҳангоми кор дар ин масҷид, зинапоя ба замин афтодааст ва сохтмончиён аз баландии 60 метр сарозер шудаанд.

“Касе ҳалок нашудааст. Нӯҳ нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳои Душанбе бистарӣ карда шудаанд”,- гуфт сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ба иттилои Умеда Юсуфӣ, кормандони Кумитаи мазкур ба ҷойи ҳодиса рафта, нафарони зери вайрона мондаро наҷот додаанд. Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ карда шудаанд.

Дар мавриди вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон маълумоти пурра дастрас нест, аммо бино ба гуфтаи У. Юсуфӣ яке аз ҷароҳатбардоштагон аз бистарӣ гардидан худдорӣ намуда, гуфтааст, ки худро хуб ҳис мекунад.

Масҷиди мазкур, ки гуфта мешавад бузургтарин дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд, дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбази 47-метрӣ иборат аст.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро Президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар арафаи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, гузошта ва моҳҳои феврал ва ноябри соли гузашта низ аз маҳалли сохтмон боздид карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.