Шуруъ аз субҳи имрӯз, 25 феврал, дар пойтахт хатсайри нави автобус фаъол карда шуд. Хатсайри мазкур Маркази миллии тиббиро бо ҷануби пойтахт пайваст мекунад.
Хатсайри нав бо рақами 29 аз минтақаи Қараболо то маҳаллаи Пахтакор (Гипрозем) ҳаракат менамояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.
Автобусҳои ин хатсайр тариқи кӯчаҳои Сино, С.Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопалов ва Борбад ҳаракат мекунанд.
Барои кам кардани тамбашавии мошинҳо дар кӯчаҳои зикршуда, оянда ҳаракати микроавтобусҳо низ дар ин кӯчаҳо маҳдуд мегардад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


