Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Перу бозӣ намекунанд

Asia-Plus

Комиссияи Федератсияи футболи ҷаҳон (ФИФА) ба хулосае омад, ки макони баргузории мусобиқоти ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 – соларо тағйир диҳад. Дар ин маврид хадамоти матбуоти федератсияи мазкур иттилоъ медиҳад.

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 – сола бояд дар давлати Перу баргузор мегардид, аммо пас аз дидори намояндагони ФИФА аз ин давлат ва мулоқот бо намояндагони Федератсияи футболи Перу, мушкили зиёди вобаста ба корҳои омодагӣ ошкор гардид.

“ФИФА ба хулосае омад, ки макони баргузории ҷоми ҷаҳонро тағйир диҳад, он дар Перу баргузор намегардад. ФИФА ба Федератсияи футболи Перу ва мақомоти ин кишвар барои кӯшиш ва талоши омода кардани шароит изҳори сипос менамояд. Рӯзҳои наздик ФИФА макони алтернативии баргузории ҷоми ҷаҳонро мушаххас менамояд”,-омодааст дар варақаи иттилотии созмон.

Қарори дар Перу баргузор намудани ҷоми ҷаҳон оид ба футбол моҳи марти соли 2018 гирифта шуд. Он замон дар қатори Перу, инчунин Руанда низ даъвогари баргузории ҷоми ҷаҳон дар қаламрави худ буд, ки дар ниҳоят бинобар ҷой доштани мушкилот дар ин кишвар, дархости он рад гардид. Мусобиқоти мазкур бояд аз 5 то 27 октябри соли 2019 баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Ҷоми Осиё – 2018 мақоми дуюмро соҳиб гардид ва ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 роҳхат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.