Агентии зиддифасод шаҳрванди Чехияро ба қаллобӣ айбдор мекунад

Asia-Plus

Шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав Скоҳоутил ва ҳаммаслакони ӯ аз Тоҷикистон – директори ҶДММ “Гардун” Бахтиёр Арабов ва муовини ӯ Тоҳир Рустамов, ҳамчунин сармуҳосиб Товус Хушқадамова аз ҷониби Агении назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд.

Онҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин бо ҷойи корро дар Чехия ваъда дода, лекин ба ваъдаашон вафо накардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, онҳо аз 36 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор доллар ва ҳудуди 102 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, амали ваъданамудаашонро иҷро накарданд.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.