Ифтитоҳи гузаргоҳи 17-ум дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар маросими ифтитоҳи нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобилиии дуҷониба  дар сарҳад миёни  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки охири ҳафтаи сипаришуда доир гардид, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев ширкат варзиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев. Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маросими ифтитоҳи нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобилиии дуҷониба  дар сарҳад миёни  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки охири ҳафтаи сипаришуда доир гардид, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев ширкат варзиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар медиҳад, ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд гардида, ҳоло он мутобиқ ба талаботи замонавӣ таҷдид ва бо техникаи муосир ва имконот барои ҷорӣ намудани хадамоти сарҳадӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Гузаргоҳи нав танҳо рӯзона фаъолият мекунад. Тариқи он танҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба ҳарду давлат равуо карда метавонанд.

Дар бораи кушодани гузаргоҳи гнав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатиии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тавофуқ ҳосил шуда буд.

Марзбонони ҳарду кишвар мутмаинанд, ки ифтитоҳи гузаргоҳи нав ба рушди бештар устувори муносибатҳои дӯстона байни аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуда, навбатпойиҳоро дар дигар гузаргоҳҳои сарҳад кам мекунад.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли гузашта танҳо дутоаш – яке дар самти Турсунзода – Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.

Моҳи марти соли гузашта пеш аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.