Китоби адиби тоҷик барои кӯдакон дар Корея нашр шуд

Asia-Plus

Китобчаи мусаввар-афсонаи «Садбарг – духтари гулноз»-и нависанда Абдуғаффор Абдуҷабборов бо теъдоди 2 ҳазор нусха дар Маркази фарҳангии Осиё бо ибтикори Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ» -Ҷумҳурии Корея бо забонҳои тоҷикӣ ва кореягӣ барои бачаҳо интишор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, афсонаро рассоми кореягӣ Ким Сол Ми бо расмҳои ранга ва зебо оро додааст.

Гуфта мешавад, афсонаи мазкур бо забони русӣ низ таҳти унвони «Справедливая Садбарг» дар шакли китобчаи алоҳидаи мусаввар бо теъдоди 2 ҳазор нусха ба нашр расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи нақшаи Кумитаи Осиёгӣ афсонаи «Садбарг-духтари гулноз» дар радифи асарҳои дигар адибон дар Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хонандагони хурдсол дастрас мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...