Ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон: Ман дар рӯзи 8 Март чиро ҷашн мегирам?

Пратибха Мехта, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон.

Ҳамасола, дар рӯзи 8 Март дастовардҳои бонувон новобаста аз қавму миллат, забон, фарҳанг ва фарқияти иқтисодиву сиёсӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Қабл аз ҳама, дар ин рӯз ман ҳуқуқи ҳамаи бонувон, ки баробари мардон ба орзуву омолҳо, омӯзиш, иштирок дар корҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, ба кор ва гирифтани ҳақи хизмат, дастрасӣ ба таълим, тандурустӣ, кор, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ ва адолат ҳуқуқ доранд, ҷашн мегирам.

Имрӯз  ғалабаи духтарчаи 10-солаи яманӣ Нуҷуд Алиро ҷашн мегирам, ки дар мурофиаи судӣ бар зидди шавҳари 30-солаи худ, ки таҳқираш менамуд, муваффақ гаштааст. Ман аз ҷасорати Нуҷуд ифтихор дорам, ки тавонист ҳуқуқи худро ҳимоя намояд ва адолатро дар суд ба даст оварад. Ин амали ӯ ҳам дар сохтори ҳуқуқи кишвараш ва ҳам дар хориҷа сабаби тағйирот гашт ва  ҳазорҳо ҷавондухтарони ноболиғро аз никоҳи маҷбурӣ раҳо бахшид.

Ман имрӯз ғолибияти духтарони тоҷик: Шаҳноза Ёдгорова, Ирана Холматова, Сабина Абдураҳмонова, Шукрона Холова, Фарида Рауфова ва дигаронро дар олимпиадаҳои илмӣ ҷашн мегирам.

Ман пешравии иқтисодӣ ва инқилоби технологиро ҷашн мегирам, ки бо шарофати ҷалби бонувон ба соҳаи илм амалӣ сохтан имконпазир гаштааст.

Ман имрӯз аз бонувони бузургу пешвоёни сиёсӣ, мисли Сиримаво Бандаранаике ва Индира Ганди -аввалин занҳои-сарвазир,  Ангела Меркел, Роза Отумбаева ва Ҳалима Яқуб ёдовар шудан мехоҳам, ки миллионҳо духтарону занонро дар тамоми ҷаҳон ба муборизаи бобарор дар интихобот ва ба даст овардани вазифаҳои роҳбарикунанда руҳбаланд сохтаанд. Ман иродаву майли духтарони деҳотиро нисбат ба саводомӯзӣ ҷашн мегирам, ки новобаста ба тамоми монеаҳо касб меомӯзанд, рушду нумуъ меёбанд ва сари қарор меоянд. Ман аз дастгирии волидон, бародарон, хоҳарон, наздикон, ки мекушанд барои ҷавондухтарони худ зиндагии шоистаро фароҳам оваранд, истиқбол мегирам.

Ман шуҳрати ҷаҳонии  духтараки покистонӣ Малала Юсуфзойро ҷашн мегирам, ки барои ҳуқуқи духтарон барои таҳсил ҷасурона мубориза бурд ва ҳатто баъд аз он ки зери тири толибон монд, аз раъйи худ нагашт ва ҳамчун шахсияти ҷавонтарин соҳиби ҷоизаи Нобел гашт. Ман муваффақияти миллионҳо бонувони сарварро аз қабили роҳбарони тиҷорат, олимон, навоваронро ҷашн мегирам, ки дар беҳтар сохтани ҷаҳон барои ҳамаи ҷаҳониён саҳми худро мегузоранд.

Ман ғолибияту дастовардҳои Зебунисо Рустамова, Мавзуна Чориева, Сабина Тюряеваро, ки Тоҷикистонро дар олами варзиши ҷаҳонӣ дар баробари занон ва духтарони варзишгари дигар кишварҳои ҷаҳон машҳур сохтанд, ҷашн мегирам.

Ман имрӯз ақлу хирад ва иродаи неки роҳбарияти 193 кишвари ҷаҳонро ҷашн мегирам, ки Декларатсияи глобалии азнавсозии ҷаҳони моро то соли 2030 имзо намуданд ва баробарҳуқуқии гендерӣ, баланд бардоштани нақши занону духтарон, ҷаҳон бидуни хушунатро-ҳадафҳои глобалие, ки бидуни ҳалли онҳо рушди устувор имконнопазир аст, эътироф намудаанд. Шуморо ҳам даъват менамоям, ки дар ҷашнгирии 8 март бо ман ҳамроҳ шавед, то ки ояндаро бидуни ҳама гуна хушунат созем, ояндае ки занону духтарон дар пешравиҳои техникӣ, рушди иқтисодӣ, рушди устувор, барпо намудани системаҳои инклюзивӣ, хизматрасониҳои самарабахш ва инфрасохторҳои устувор баҳри босуръат расидан ба баробарҳуқуқии гендерӣ ва ҳадафҳои рушди устувор тамоми маҳорати худро нишон хоҳад дод.

Иди байналмиллалии занон – 8 март муборак бод!

Имрӯз, 8 марти соли 2019 иди байналмиллалии занон таҳти шиори «Аз баробарҳуқуқӣ андеша намо, боақлона бисоз, ба хотири тағйиротҳо инноватсияро амалӣ бисоз» (Think equal, Build smart, Innovate for change) ҷашн гирифта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...