Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад… Рамазон Раҳимзода модаронро табрик кард

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Рамазон Раҳимзода занони дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолиятдоштаро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд. Матни табрикоти вазир дар сомонаи расмии вазорати корҳои дохилӣ гузошта шудааст. – Ҷашни зебою фархунда – Рӯзи Модарро ба шумо табрику таҳният намуда, бароятон cаодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу […]

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Рамазон Раҳимзода занони дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолиятдоштаро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд. Матни табрикоти вазир дар сомонаи расмии вазорати корҳои дохилӣ гузошта шудааст.

– Ҷашни зебою фархунда – Рӯзи Модарро ба шумо табрику таҳният намуда, бароятон cаодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо таманно менамоям,- гуфтааст вазир.

Ӯ бо қироати як шеър нақши зан – модарро чунин баён кардааст:

Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад,
Ҳама дарди ҷаҳон дар қалби модарҳо ниҳон бошад.
Дуъои ҷони фарзандаш кунад дар ҳар ибодат ӯ,
На дар фикри ғами дунё, на дар моли ҷаҳон бошад.

Рамазон Раҳимзода зан – модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон хонда, таъкид намудааст, ки имрӯз занони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд.

– Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора зиёда аз 80-нафар дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба ӯҳда доранд,- зикр кардааст Рамазон Раҳимзода.

Инчунин ӯ иброз доштааст, ки занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.