Ҷоизаи сиркбози ҷавони тоҷик дар Фестивали байнулмилалӣ

Сиркбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардид, иштирок карда соҳиби ҷоизаи «Танқиди махсуси доварон» (Спец-критика) гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Муҳаммад Шарифзода, ки соле қабл баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон […]

Сиркбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардид, иштирок карда соҳиби ҷоизаи «Танқиди махсуси доварон» (Спец-критика) гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Муҳаммад Шарифзода, ки соле қабл баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар муддати кӯтоҳ дар ду Фестивали байналмилалӣ обрӯи сирки тоҷикро бардошта, ду ҷоиза ба даст овад.

Гуфта мешавад, ҷоизаи аввалро ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар фестивали байналмилалии «Ояндаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина сазовор гардид. Доварони фестивал дар бахши эквилибр байни иштирокчиёни 15-20 сола аз 15 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро лоиқи сиркбози тоҷик дониста буданд.

Дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ» 76 нафар сиркбозон аз 12 давлати дунё мисли Россия, Чин, Украина, Бразилия, Колумбия, Ҷопон, ИМА, Муғулистон, Чили, Вйетнам, Эфиопия ва дигар кишварҳо иштирок карданд.

Муҳаммад Шарифзода маҳорати худро дар жанри эквилибр нишон дод. Ба ӯ бар замми ҷоизаи номбурда боз ду тӯҳфа: Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Россия супорида шуд.

Муҳаммад Шарифзода тибқи бурсия чор сол дар Омӯзишгоҳи сиркии ба номи Карандаши шаҳри Москва таҳсил намуда, соли 2018 баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки Давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Сиркбози ҷавон мегӯяд, ки соли дуввуми таҳсил вақте интихоби равия ва жанрҳои сикрӣ пеш омад, ӯ маҳз жанри эквилибрро пеша кард. «Ба ман гуфтанд, ки ин жанр мушкил асту ҳар кас аз уҳдааш намебарояд ва барои ҳамин нафарони кам онро иштихоб мекунанд. Дар вақти омӯзиш ва тамрин чандин бор ҷароҳатҳо бардоштаам. Аммо ман аз роҳ нагаштам, чунки ин жанр бароям писанд аст» – иброз медорад Муҳаммад.

Сикрбози ҷавон, ки дар соли аввали фаъолияти сиркиаш соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардидааст, зикр намуд, ки дар омӯзишгоҳ ба ӯ устодон Сергей Торопов ва Валентина Кузнетсова ҳунари эквилибрро омӯхтаанд. Дар Тоҷикистон устоди ӯ директори Сирки Давлатии Тоҷикистон Ашур Раҷабов аст, ки бевосита бо ӯ тамрин мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.