Аксияи «Азия-Плюс» ва «Оби Зулол» ба ифтихори ҷашни Рӯзи модар

Дар арафаи Рӯзи Модар автобуси идона бо гулҳо ва туҳфаҳо дар яке аз хатсайрҳои марказии пойтахт ҳаракат мекунад. Дар арафаиҷашни  Рузи Модар гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” якҷо бо ширкати “Оби Зулол” ва бо дастгирии шаҳрдории Душанбе аксияи “Модарони Душанбе”-ро роҳандозӣ менамояд. Автобуси идона дар кӯчаи марказии пойтахт – хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда, намояндагони ҷинси латифи Душанберо […]

Дар арафаи Рӯзи Модар автобуси идона бо гулҳо ва туҳфаҳо дар яке аз хатсайрҳои марказии пойтахт ҳаракат мекунад.

Дар арафаиҷашни  Рузи Модар гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” якҷо бо ширкати “Оби Зулол” ва бо дастгирии шаҳрдории Душанбе аксияи “Модарони Душанбе”-ро роҳандозӣ менамояд.

Автобуси идона дар кӯчаи марказии пойтахт – хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда, намояндагони ҷинси латифи Душанберо ройгон интиқол медиҳад.

Ҳар зан метавонад ба он савор шавад. Дар роҳ ӯро туҳфаҳои ҷолиб – табрикоти ровиёни машҳури Радиои “Азия-Плюс”, туҳфаҳо, суруд ва руҳи болида интизор аст.

Ғайр аз ин, ҳар як иштирокчӣ рақами махсус мегирад, ки қисмати дуюми рӯз, ҳангоми баргузории бозӣ барои дастрас намудани туҳфаҳо, дар барномаи мустақими Радиои “Азия-Плюс” дар мавҷи 107 FM истифода мешавад.

Чорабинии мазкур бо дастгирии шаҳрдории Душанбе баргузор мегардад. Шарики генералии аксия – бузургтарин истеҳсолкунандаи оби нӯшокӣ дар кишвар – ширкати “Оби Зулол” ва ташғаи шинохтаи он «RC-cola», шарики расмӣ – ҶСП “Ташкилоти амонатии қарзии хурд ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, шарикони аксия – фабрикаи қаннодии “555”, мағозаи техникаи “Синон” мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.