Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 16 то 20 март ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Қарори мазкур аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади ғановати бозори маҳсулоти хӯрокворӣ ва дастрасии ин маҳсулот ба сокинон дар остонаи ҷашни Наврӯз қабул шудааст.

Маҳсулоти деҳқононро метавон аз бозорҳои “Меҳргон” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  “Саховат” дар ноҳияи Фирдавсӣ, фурӯшгоҳҳои бозор дар рӯ ба рӯи беморхонаи Қарияи Боло дар ноҳияи Сино ва назди бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ноҳияи Шоҳмансур дастрас намуд.

Дар ярмаркаҳо маҳсулоти ниёзи аввали Агентии хариди давлатӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” низ ба фурӯш бароварда мешавад.

“Маҳсулот дар ярмаркаҳо бо нархи нисбатан арзонтар аз бозорҳо ба фурӯш гузошта мешавад”, – қайд карданд дар мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...