Ҳукумати Тоҷикистон сарбории андозро кам карданист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки низоми андозбандии амалкунандаро таҳлил намуда, доир ба коҳиши сарбории андозҳо барои соҳибкорон ба ҳукумат пешниҳоду тавсияҳо таҳия кунанд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе сардори Раёсати такмил ва қонунгузории Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Завқибек Шодиён.

Бино ба гуфтаи ӯ, иҷрои ин дастур яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ташаббуси раҳбарияти кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ” мебошад.

Шодиён зикр кард, ки дар ин санад роҳандозии дигар тадбирҳо баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва фазои корӣ дар ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст.

Намояндагони доираҳои тиҷоратии кишвар мегӯянд, дар шароити мавҷудаи сарбории андоз, агар тиҷорат пурра қонунӣ бошад, ба шикаст дучор шудан имкон дорад.

“Аз ин рӯ, аксарият тиҷораташонро дар ин ҷо қатъ намуда, ба кишварҳои ҳамсоя мераванд, ки дар онҳо шароитҳои бештар мусоид фароҳам аст”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як тоҷир, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.

Бино ба гуфтаи ӯ, соҳибкороне, ки ба ҳар ҳол ба фаъолият дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд, маҷбуранд, ки қисмати зиёди даромади худро пинҳон созанд, то ки дар чунин шароити сарбории зиёи андозбандӣ кор карда тавонанд.

Дар натиҷа, иброз дошт тоҷир, буҷети кишвар аз воридшавии маблағҳои муайян аз пардохти андозҳо маҳрум мешавад.

Зимнан илова шуд, ки сабук кардани сарбории андозҳо ба афзоиши босуръати шумори соҳибкорон ва мутаносибан зиёд шудани ҳаҷми даромад ба буҷет мусоидат мекунад.

Мувофиқи гузориши Paying Taxes-2019, вазни қиёсии андозбандӣ ва ҳақмузд аз даромадҳои ширкатҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёна дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ (32,8%) беш аз ду баробар зиёдтар аст. Ин рейтинг ҳамасола аз ҷониби ширкати аудитории PricewaterhouseCoopers дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешавад.

Барои муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя: сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон – 29,4%, Ӯзбекистон – 32,1% ва Русия – 46,3% баробар аст.

Муаллифони гузориш сарбории андози зиёдтар аз Тоҷикистоноро танҳо дар 8 кишвари дигар зикр кардаанд: Ҷазираҳои Комор – 219,6%, Аргентина – 106%, Эритрея – 83,7%,  Боливия – 83,7%, Гвинеяи Экваториалӣ – 79,4%, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 73,3%, Колумбия – 71,9% ва Афғонистон – 71,4%.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...