Имсол болоравии маошу нафақа ва стипендияҳо дар назар нест

Музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо давоми соли равон дар ҷумҳурӣ ба гумони ғолиб боло бурда намешаванд. Дар буҷети соли равон ба ин бандҳо маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Дар Вазорати молия қайд карданд, ки айни замон лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои асосӣ барои ду соли минбаъда […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо давоми соли равон дар ҷумҳурӣ ба гумони ғолиб боло бурда намешаванд.

Дар буҷети соли равон ба ин бандҳо маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар Вазорати молия қайд карданд, ки айни замон лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои асосӣ барои ду соли минбаъда мавриди таҳия қарор дорад.

“Таҳиягарони лоиҳа ба масъалаи беҳбуди сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сурати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар буҷети соли оянда барои афзоиши маошу нафақа ва стипендияҳо ҷудо кардани маблағҳоро пешбинӣ мекунанд”, – итминон доданд дар Вазорати молия.

Ёдрас мекунем, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли гузашта зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи гузоштани заминаҳои зарурӣ барои баланд бардоштани маошу нафақа ва стипендияҳо изҳори назар карда буд.

“Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд, яъне бояд бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои дигар низ маошу нафақаро баланд бардорем”, – гуфта буд ӯ.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон бори охир аз 1 сентябри соли гузашта ба андозаи 15-30% боло рафтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.