ТАЪҶИЛӢ: Тирпаронии навбатӣ дар Ворух. Як нафар кушта шуд

admin

Аз тири шаҳрванди Қирғизистон як нафар шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як сокини ин ҷамоат.

Ба қавли манбаъ, имрӯз, тахминан соати 15:10 шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ворух тир холӣ карданд.

“Онҳо дар деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух оташ кушоданд. Дар натиҷа як нафар – Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расида, як нафар – Ансориддин Ҳайдаров аз дасташ захмӣ шуд”,-гуфт сокини ҷамоат.

Боз ду нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон – Абдуғафру Воҳидов ва Насиба Зайниева аз сангпартоӣ ба ҷонибашон ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Сабаби муноқишаи навбатӣ маълум нест. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, ҷониби Қирғизистон сокинони худро мусаллаҳ менамояд.

Ҳоло роҳ аз ҷониби Исфара ба самти Ворух аз тарафи қирғизҳо баста шудааст.

“Онҳо ҳатто ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки субҳи имрӯз барои мулоқот бо сокинони ин маҳал ба Ворух омада буд, иҷозаи хуруҷ аз ин маконро надодаанд. Ҳоло онҳо якҷо бо роҳбарияти мақомоти қудратии Суғд ва шаҳри Исфара дар Ворух қарор доранд”,-хабар медиҳад манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи гузашта, 13 март пас аз барқарор кардани сохтмони роҳ дар қаламрави баҳсӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Қирғизистон оғоз шуд.

Ҷониби Қирғизистон қарори ниҳоӣ дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишварҳоро интизор нашуда, ба сохтмони роҳ оғоз намуд. Се рӯз пеш корҳои сохтмони роҳи Оқ-Сой-Тамдиқ бидуни убури қаламрави Ворух шурӯъ гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...