Омодагирии пойтахт ба ҷашни Наврӯз ва баста шудани роҳҳо

Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории карнавали идона шояд ҳатто симҳо барои ҳаракати троллейбусҳо низ муваққатан канда шаванд. Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро огоҳ мекунад, ки дар робита ба оғози корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои асосии шаҳр маҳдуд карда мешавад. Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракати нақлиёт аллакай аз 12 […]

Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории карнавали идона шояд ҳатто симҳо барои ҳаракати троллейбусҳо низ муваққатан канда шаванд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро огоҳ мекунад, ки дар робита ба оғози корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои асосии шаҳр маҳдуд карда мешавад.

Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракати нақлиёт аллакай аз 12 март маҳдуд шуда, ин ҷо аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) то пул болои дарё Душанбе аз соати 9 то 13:00 ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад. Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин самт то 16 март идома меёбад.

Аз 16 то 21 март аз соати 10:00 то 14:00 воситаҳои нақлиёт тариқи хиёбони Рӯдакӣ (аз гузаргоҳи меҳмонхонаи “Тоҷикистон” то ТВ “Сафина”) гузашта наметавонанд.

Рӯзи 21 март зимни баргузории карнавали идона ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази пойтахт аз соати 08:00 то 13:00 манъ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдорӣ.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар давраи аз 16 то 25 март ҳаракати троллейбусҳои №1 ва №10 дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ пурра қатъ мегардад. Сабаб дар он аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории карнавал симҳои барқ барои ҳаракати троллейбусҳо муваққатан канда мешаванд.

Ин рӯзҳо дар ин самт мусофирон метавонанд аз автобусҳои №3 ва №8 истифода кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.