Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 март бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 март бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал омад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. 

Дар ин зимн  Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, таъзияву тассалият ва ҳамдардии амиқи худро иброз дошт.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар дафтари матбуоти президенти Қирғизистон зикр мегардад, ки зимни суҳбат Сооронбой Жеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъсиси комиссияи муштарак барои тафтиши воқеъбинонаи қазия ва минбаъд роҳ надодан ба чунин муноқишаҳо, ҳамчунин суръат бахшидан ба анҷоми гуфтушунидҳоро дар мавриди таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад таъкид намудаанд.

Замоне, ки сарони кишварҳо суҳбат мекарданд, боз як шаҳрванди Тоҷикистон – Рафоиддин Тешаеви 37-сола дар Ворух кушта шуд. Боз як нафари дигар – Ансориддин Ҳайдаров аз тири силоҳи оташфишон аз пояш захм гирифта, ду каси дигар, аз ҷумла як зан бо ҷароҳатҳо аз сангпартоӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муддати ду рӯз аст, ки идома дорад. Рӯзи 13 март сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ва деҳаи Оқ-Сой ба ҳамдигар сангпартоӣ карда, бар асари он 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд.

Дар муноқишаи дигар дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ омӯзгори 43-сола Ҳусейн Ҳакимов ба ҳалокат расида, боз 4 нафари дигар бо захму ҷароҳатҳо дар бемористн бистарӣ шуданд. Аз тири силоҳи оташфишон нозири милитсия Саидшариф Авеззодаи 46-сола, сокинони ҷамоат Раҳим Аюбов ва Мақсадҷон Алимов захм гирифта, Абдулмаҷид Муллоҷонов аз зарбаи санг ҷароҳат бардошт.

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳор дошт, ки 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд, ки боиси оғози низоъ дар ин минтақа гардид.

Дар изҳорот зикр гардид, ки мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи-Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Дар изҳорот ҳамчунин қайд шуд, ки ҳоло вазъ дар марзи Воруху Оқсой таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад.

Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон низ зикр намуд, ки муноқиша бо сабаби оғози сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ сар зада, лекин дар ин изҳорот дар бораи гаравгонгирӣ ва ҳалокати як шаҳрвандони Тоҷикистон сухане гуфта нашуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.